logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯ - ҲОМИИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ВАТАН

Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90 - уми асри сипаришуда, вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ сол ба сол ободу пешрафта гардида, ҳоло дар шоҳроҳи тараққиёт қарор дорад ва дар ҳамаи самтҳову соҳаҳо навгонию дастовардҳои қобили мулоҳиза ба чашм мерасанд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун сохтори калидии давлат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ба натиҷаҳои баланди сохторию хизматӣ ноил гаштааст. Мусаллам аст, ки таҳкими фаъолият, бунёди инфрасохтор ва иқтидори баланд касб кардани мақомоти корҳои дохилӣ таҳти раҳнамоӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар имконпазир гардид. Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ ба яке  аз сохторҳои муҳими давлатӣ табдил ёфта, дорои базаи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншооти замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу малакаи касбӣ, пешрафта гардид. Ҳоло мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии  кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат ба шумор меравад. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои пай дар пай ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа обу тоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо кард.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд. Зеро дар давоми солҳои охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. 
Бо мақсади таъмини кадрҳои соҳавӣ ва иқтидори тахассусии вазорат дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ҳоло дар он на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ низ таҳсил менамоянд.
Дар баробари бунёди бинову иншооти нав ҳар сол баҳри беҳбуди шароити хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди такягоҳ ва марказҳои хизматрасонии милитсия дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмиру навсозӣ мешаванд, ки соли ҷорӣ низ чунин корҳо идома пайдо карданд.
Табиист, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари ҳифзи тартиботи ҷаъмиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамзамон, дар бунёду ободкории кишвар саҳми назаррас доранд. Бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар ҳудуди шаҳри Душанбе чанд майдончаи варзиш бунёд гардида, мавриди истифодаи сокинони пойтахт қарор гирифт. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон як қатор бинову иншооти маишиву хизматӣ бунёд ва навсозӣ шуданд, ки дар он  кормандони ВКД саҳми арзанда доранд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри амалигардонии ислоҳот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020” амал менамояд. Дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” низ тасдиқ гардидааст. Дар самти татбиқи фармон ва барномаи мазкур дар вазорат як қатор корҳо ба сомон расонда шуданд. Аз ҷумла, шӯроҳои ҷаъмиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди ҳамаи раёсату шуъбаҳои вазорат фаъолият менамоянд. Дар доираи ислоҳоти милитсия шӯроҳои ҷаъмиятӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Ҳамзамон, дар доираи ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилӣ низоми нави видеоконференсия ба роҳ монда шуд. Минбаъд бо ин низом раёсатҳо ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба таври онлайн дар ҷаласаҳои селекторӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, дастуру супоришҳои роҳбарияти вазоратро қабул менамоянд. Вохӯрии роҳбарияти вазорат бо ҷавонон ва шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия, ки дар шакли видеоконференсия ба роҳ монда шудааст, натиҷаҳои судманде дар пай дорад. Бартарии дигар дар он аст, ки бо гузаштан ба низоми нави видеоконференсия ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ метавонанд дар раёсатҳои худ бо толори маҷлисии вазорат пайваст гардида, дар ҷаласаҳо иштирок намоянд.     
Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи бештари онҳо бо милитсия аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд. Ин дар ҳолест, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Роҳбарият ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар навбати худ талош менамоянд, ки дар заминаи эътимод ва боварии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин ниҳоди қудратӣ рисолати касбӣ ва уҳдадориҳои худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намуда, дар таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Икром УМАРЗОДА, муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2019    №: 211    Мутолиа карданд: 1158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед