logo

иқтисод

ДАНҒАРА. САНОАТ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандону масъулони соҳаи саноат супориш доданд, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд ба 22 дарсад расонда шавад.
- Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳоло дар мамлакат  барои соҳибкорону тоҷирони ватанию  хориҷӣ  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Махсусан, соҳибкороне, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, то соли 2020 аз тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ озоданд. Ин шаҳодати гуфтаҳои болост, - иброз дошт Ғуломалӣ Неъматзода, мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.
Воқеан, дар ноҳияи Данғара барои амалӣ гардондани барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи саноат як қатор корҳо анҷом ёфтанд. Соли ҷорӣ 40 корхонаи саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 104 миллион  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки  ҳаҷми истеҳсолот  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 135 миллиону 283 ҳазор сомонӣ ё 14 дарсад афзудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия асосан дар самти тавлиди маводи хӯрокворӣ, нӯшоиҳо, истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди чӯбу тахта, тирезаҳои пластикӣ, шифери тунукагӣ ва хишти сементӣ иқтидори худро тақвият бахшида истодаанд.
- Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ моро мебояд, ки пеш аз ҳама корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро барқарор намоем. Тавассути ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд меёбанд. Омили дигари таконбахши  рушди саноат тақвият бахшидани  фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда ва такрористеҳсолкунӣ мебошад, - зикр намуд Ғуломалӣ Неъматзода.
Бо назардошти он, ки солҳои охир аз ҷонибаи Ҳукумати кишвар  ба  корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда бештар мароқ зоҳир мегардад, бо ин мақсад аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Данғара корхонаҳои ҶДММ «Фарм Текс» ва ҶДММ «Файзи Карим» сохта ба истифода дода шуданд. Корхонаҳо асосан ба истеҳсоли дору, ҷуроб ва дӯхти либосворӣ машғуланд.
Барои ҳамаҷониба ривоҷу равнақ додани соҳаи саноат дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад ва дар он 24 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз аввали сол то имрӯз ба маблағи 128 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳоло дар МОИ «Данғара», сохтмони корхонаҳои ҶДММ «ТК-ОЙЛ», коркарди нафт, ҶДММ «Шенси», истеҳсоли доруворӣ ҶДММ «Даво», ҶДММ «Шаҳри Ёрон» идома дорад. Ҳамчунин, дар минтақа сохтмон дар корхонаҳои ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Данғара семент», ширкати  «Баракат- 76» истеҳсоли чой ва равған, ширкатҳои нафту гази «Наврӯз», истеҳсоли кошин (кафел),  шабакаҳои барқи Осиёи Марказии истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, «Иттиҳодияи илм ва технология», «Тоҷикистон – офтоби Шарқ», «Ҷинокко» ва ҶДММ «Тоҷикистон – Офтоби Тоҷикистон» бомаром ҷараён дорад. Ғайр аз ин, то имрӯз дар ноҳия бо иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон  9  коргоҳи дӯзандагӣ ва  4  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пайваста иқдомҳои шоистаи соҳибкорону сокинони саховатпешаи  ноҳияро дастгирӣ менамояд. Ин иқдом боиси рӯҳбаландии мардуми диёр гашта, саъю талоши онҳоро барои ташаббусҳои созанда афзуда истодааст.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2019    №: 211    Мутолиа карданд: 1277
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед