logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз як ҷониб дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи  ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда бошад, аз ҷониби дигар заминасоз ва ҳидоятгари  тараққиёту такомули ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 25 сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъйиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба иҷро расонда истодааст.
Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯи воқеияти ҳол ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод  падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъият, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили Истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамон торафт афзуда истодааст.
Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи муътабари байналмилалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро  озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва татбиқи ҳадафҳои созандаашро пойбанди меъёру арзишҳои  бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш  медонад.
Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия аз фазилати баланди инсонӣ дарак дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.
Бо муҳим шумурдани ин нукта Пешвои миллат ба кулли мо - ҳамватанон  чунин  таъкид менамоянд:
«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Муқаддасоти миллӣ, мақому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлати озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ  набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пай масъулият низ дорад. 
Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноксозии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, ба шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва  тавсеаи доманадор ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву  ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Суҳроб  РУШАНЗОДА, раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед