фарҳанг
"РАВЗАНАИ ЯГОНА" ВА РУШДИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ
Дар шаҳри Душанбе аз соли 2020 даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» оғоз меёбад. Дар робита ба ин, роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату идораҳои марбута, соҳибкорон ва шарикони рушд ҷамъ омада, мубодилаи афкор намуданд.
Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузаришро аз шакли коғазӣ ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни тавзеҳи ҳадаф, вазифа ва асосҳои фаъолияти низоми мазкур гуфт, ки «Равзанаи ягона» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ» аз ҷониби ширкати барномасози «АйЮНетворкс» - и Арманистон омода гардида, тибқи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд.
«Равзанаи ягона» ба ширкаткунандагони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро, ки барои иҷрои талаботи танзимкунанда ҷиҳати пешбурди фаъолияти содиротию воридотӣ ва транзитӣ талаб карда мешаванд, дар як нукта дар шакли ягона тавассути низоми иттилоотӣ - коммуникатсионӣ пешниҳод намояд. Дар асоси маълумоти гирифташуда, мақомоти давлатӣ барои додан ё рад намудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо қарор мебароранд.
Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» имкон медиҳад, ки муҳлати баррасӣ, мувофиқакунонӣ ва додани ҳуҷҷатҳо, инчунин, теъдоди ҳуҷҷатҳои дархостшаванда аз ҷониби мақомоти давлатӣ кам карда шавад. Инчунин, ҳуҷҷатҳо аз як идора ба идораи дигар дар зарфи якчанд дақиқа интиқол дода шаванд. Ҳамзамон, вақт ва хароҷот сарфа гардида, арзиши амалиёт барои хизматрасониҳо коҳиш меёбад.
Таъкид гардид, ки шарти ҳатмии татбиқи низоми «Равзанаи ягона» ташкили маркази дастгирии техникӣ ва истифодаи он буда, ба гунаи чунин хадамот Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» - и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Раванди ҷорӣ намудани ин низом дар ҳамкорӣ бо Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои танзимкунандаи ғайритарифии савдои беруна сурат мегирад. Барои хизматрасонӣ ба иштирокдорони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» тавассути интернет дастрасӣ ё малакаи истифодаи онро надоранд, дар минтақаҳо бахшҳои КВД «Маркази Равзанаи ягона» таъсис дода шудаанд.
Дар маросими муаррифӣ ва ҷорӣ намудани даври пилотии низоми «Равзанаи ягона» намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода, соҳибкорон ва намояндагони ширкати барномасози «АйЮНетворкс» - и Арманистон доир ба бартариятҳои низоми мазкур сухан карданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2019 №: 212 Мутолиа карданд: 1130