logo

фарҳанг

«БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА». БОЗЁФТҲОИ ХОНАНДА

Вақте пай дар пай шеърҳои ба озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳодшуда нашр мешуданд, гули шодии мо низ мешукуфт. Чандин шеърҳои онро ба сифати намуна дар дарсҳои тарбиявӣ истифода бурдем. Масалан, дар дарсҳои тарбиявӣ аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳарф мезадем, ин шеърро, ки «Ёрирасон» унвон дораду муаллифаш Маъруфи Ҳисом аст,  мисол меовардем:
Аломати роҳ,
Мекунад огоҳ.
Риоя намо
Ба вай доимо.
Хоҳӣ ту агар,
Монӣ саломат.
Бикун итоат
Ба ҳар аломат.
Аломати роҳ
Ёрирасон аст.
Омӯхтани он,
Басо осон аст.
Дар шароити шаҳр, махсусан пойтахт, ки теъдоди зиёди мошинҳо ҳар рӯз дар кӯчаҳо бошиддат гардиш мекунанд, бехатарии рафтуомади фарзандонамон муҳим аст. Аз ин сабаб, дар бораи аломатҳои роҳ ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чунин шеърҳо заруранд. Муаллиф, агар дар бораи баъзе аломатҳои муҳимтар маълумоти аввалия медод, боз ҳам хуб мешуд.
Боз як масъалаи дигар ба телефон ва воситаҳои техникӣ одат кардани наврасони мост, ки дар шеъри «Аъло-чӣ» - и Султонмурод Ҳоҷибоев тасвири хуби худро ёфтааст.
Аълочӣ буд, аълочӣ,
Медонед, ки ҳоло чӣ?
Аълочигияш рафтаст,
Ҳоло «алё-алё»-чӣ.
Аввал аълочӣ буд, аммо ҳамоно, ки ба телефон, бо «Алё-алё» гуфтан одат кард, аз хонишу дониш дур шуд. Ин пандро ҳамеша бояд ёди фарзандон биёрем, то ғофил нашаванд.
Дар шеъраки бисёр муъҷазу зебои «Сайёҳи беозор», ки муаллифаш Дурдонаи Зафар мебошад,  образи сангпуштакеро дидан мумкин аст, ки ба саёҳат баромадааст. Чунон сайёҳи беозор аст, ки хонааш ҳам дар пушташ мебошад.
Сангпуштам ман, сангпуштам,
Хонаи ман дар пуштам.
Ҳаргиз надорам шитоб,
Кай хоҳам, мекунам хоб.
Мехӯрам гулу гиёҳ,
Мегардам қад - қади роҳ.
Бо ин гаштугузорам
Сайёҳи беозорам.
Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иншо шудани чунин шеърҳо бисёр муфид мебошад. Ба ин восита дар мавриди сайёҳӣ ва сайёҳон, хусусиятҳои ин соҳа кӯтоҳ ба хонандагон маълумот додан мумкин аст.
Шеъри тарбиявии Исмоил Ҷабинзода, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб карда буд, «Аёдат» ном дорад. Ин шеър ба хонандаҳо рӯҳи башардӯстиро талқин менамояд. Зеро ба хабаргирии беморону афтодагон рафтан кори савобест:
Яккаву танҳост
Бобои Сафар.
Аз аҳволи ӯ
Мегирем хабар.

Ёрӣ расонем
Бар корҳояш,
Ба шодӣ гирем
Он гаҳ дуояш.
Дар маҷмӯъ, ҳама шеърҳо як панде бо худ доранд. Чизе, ки мо – омӯзгорон бештар мехоҳем, илова шудани баъзе шеърҳо дар мавзӯъҳои доғи рӯз  аст. Масалан, бештари муаллифон дар бораи гурбача, кабӯтар, сагча навиштаанду дар бораи компютер, телефон, варзиш ва дигар васоити муосир, мисле ки дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эҷод кардаанд, камтар иншо намудаанд.
Мо ба кормандони идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои ташкил намудани чунин як озмуни барои бачаҳо ва омӯзгорон хеле муҳим ташаккур мегӯем. Чунин корҳои неку самаровар бигзор бисёр бошанд.

Манзура РАҲМАТУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 1017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед