logo

маориф

ХУҶАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМИ ИЛМӢ

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир” бо иштироки доираи васеи олимону мутахассисони  соҳаи иқтисодиёти мамлакат ва  роҳбарияти вилояти Суғд  доир гардид.
Хайрулло Сабуров, муовини ректор оид ба илму инноватсия, профессор,  гуфт, ки мақсад аз ташкили конфронс  дарёфти мулоҳизаю хулосаҳои судманд  бо ҷалби олимону муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷиҳати  ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, пешрафти устувори иқтисодиву инкишофи неруи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Иштирокдорони чорабинӣ аҳамияти иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои роҳандозии саноатикунонии босуръат хуб дарк намуданд, ки дар заминаи он боз чанд ташаббуси созанда пеш гирифта мешавад.
Анвар Яъқубӣ,  муовини раиси вилояти Суғд, зикр намуд, ки эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ба тарҳрезии барномаҳои соҳавии кишвар замина мегузорад. Дар ин ҷода  истифодаи неруи зеҳнии олимон, муҳаққиқону коршиносон барои ворид шудан ба сафи кишварҳои саноатӣ, мувофиқи мақсад аст. Ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии ҳар як шаҳрванд ва ободу зебо намудани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад.
Дар конфронс як қатор олимони барҷаста,  аз ҷумла Абдураҳмон Қодиров, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, оид ба  мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии иқтисодии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, Абдулатиф Раҳимов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Абдумавлон Азимов, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор оид ба “Мавқеи саноатикунонии мамлакат дар рушди босуботи кишвар” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд. 
Ҳамчунин, доир ба масоили таъмини бозорҳои дохилӣ бо молҳои саноатӣ, роҳандозии технологияҳои нав, афзоиши рақобат байни корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, фурӯши маҳсулоти он,  беҳтар намудани сифати молҳои истеҳсолшуда,  таҳаввулоти сохторӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои дигари соҳа  табодули афкор намуданд.

Алишер РАҲМОНӢ, котиби маркази иттилоот ва таҳлилии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 2691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед