ҳуқуқ
БӮСТОН. 60 ТОННА РАВҒАНИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ОШКОР ШУД
Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартиро, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гаштааст, ошкор намуд.
Муҳаммадӣ Давлатов, директори марказ, гуфт, ки мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати марказ дар анбори ҶДММ «Сомон 2017» - и шаҳри Бӯстон корҳои сертификатсионӣ гузаронда, аз 60 тонна маҳсулоти равғани пахта бо нишони «Элита Тиҷорат» намуна гирифта, ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барои ташхис супурданд.
- Ташхис нишон дод, ки 60 тонна равғани пахтаи софи доғнакардаи навъи якум аз рӯи санаи номаълуми истеҳсол, бӯйҳои бегона доштан, баланд будани рангнокӣ ба талаботи СБД 1128 - 75 ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқат намекунад.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока» соҳиби маҳсулоти хатарнок уҳдадор шуд, ки давоми 10 рӯзи корӣ онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Бо дарназардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук 60 ҳазор килограмм равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407 ҳазору 261 сомонӣ мебошад, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави кишвар берун бароварда шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2019 №: 212 Мутолиа карданд: 1773