logo

сиёсат

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ 40 - УМИ КОНФРОНСИ ГЕНЕРАЛИИ ЮНЕСКО ДАР МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж, дар ҷаласаи 40 - уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ифтитоҳ намуд.
Бо дарназардошти нақши назарраси Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои обии глобалӣ ва пайваста матраҳ намудани мавзӯи тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, хосатан дар Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи “Тағйирёбии иқлим” бо пешниҳодҳои нав баромад карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои ташкили чунин як ҳамоиши сатҳи баланд оид ба баррасии масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин мушкилоти глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях об шудааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
“Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи  обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд” -  таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешниҳод гардид, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, саъю кӯшишҳои хешро идома хоҳад дод.
Ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи ин даҳсола тасмим гирифтааст, ки 18 - 20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дувуми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”- ро баргузор намояд.
Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон дар ҷойи 135 - ум қарор дорад.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёр маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси бахши энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқи мо истеҳсол мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим якчанд пешниҳоди асоснокро манзур карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 904
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед