logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ФОРУМИ ПАРИЖ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ СУЛҲ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла - Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ  иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардид.
Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.
Дар форум беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африқо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми мамолики дунё иштирок намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронда шудаанд.
Кори форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди иклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мегардад.
Дар доираи кори Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Форуми сулҳи Париж, директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Лами, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, Президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот карданд.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 1014
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед