logo

номаҳо

«БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА». ОЗМУНИ МУФИД ҲАМЕША ИД АСТ

Ҳар як озмун, новобаста аз он ки дар кадом соҳа мегузарад, пайи кашфи истеъдодҳои нав такони ҷиддӣ мебахшад. Махсусан, озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона», ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» роҳандозӣ кардааст, боиси истиқболи гарм шуд.
Ростӣ, дар адабиёти кӯдакона холигоҳе ҳаст, ки бояд онро бо маводу матолиби ҷолиб пур кунем. Дар ин бобат, ашъори дар озмун нашршуда метавонад ҳиссагузор бошад.
Мо - омӯзгорон низ дар раванди дарс аз шеърҳои беҳтарину писандида, ки бештарашон пас аз гулчин шудану таҳрир хӯрдан интишор ёфтаанд, дар раванди дарс истифода мебарем. Яъне, аллакай, шеърҳо ба қавле ба гардиш даромадаанд.
Шодии кӯдакону наврасонеро, ки шояд шеърҳояшон бори аввал дар минбари баланд – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи  «Ҷумҳурият» чоп шуданд, ҳадду канор нест. Ин як воситаи хуби муаррифӣ ва ҳавасманд гардондани онҳост, ки ба ҳеҷ пулу моли дунё баробар карда намешавад. Дар радифи шоирони номдор шеърҳои онҳо низ чоп шавад, албатта, шод мешаванд. Агар дуруст андеша кунем, рӯзномаи «Ҷумҳурият» кореро карда истодааст, ки аксари ниҳодҳои масъул карда наметавонанд.
Сарфи назар аз он ки шахсони алоҳида ҷойҳои муайянро мегиранд, озмун ба манфиати на танҳо наврасону кӯдакон, балки ба манфиати миллату давлат аст. Зеро шеъру адаб фазои мусоиди якдигарфаҳмӣ ва таълиму тарбияро ба миён меорад. Ҳамкории ниҳодҳои дахлдорро бо адибону рӯшанфикрон тақвият мебахшад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз вохӯриҳояшон бо аҳли зиё чунин гуфтанд: «Бояд ҳамкории эҷодиро, пеш аз ҳама, дар миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар тақвият бахшем. Моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ таҷрибаи талхи гузаштаи хешро аз мадди назар дур насозем ва неруи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиёро ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона созем. Вобаста ба ин, зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, мунтазам вохӯриҳо гузаронда, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд».
Бо умеди озмунҳои нав, озмунҳои муфид ҳастем. Боз ҳам интизорем, ки матолиби рӯзнома барои мо – омӯзгорон низ ёрирасону ҳамроз бошад. Зеро озмуни муфид ҳамеша ид аст.

Лола АВЕЗОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 5976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед