logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Ҷинояткор пушти панҷара рафт
Як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷурми қатли ҳамсараш пушти панҷара рафт. Ӯро суди ноҳияи Восеъ дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ муҷрим дониста, 11 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Фаррух Халифаев, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамсараш Арӯс Разоқоваро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. Баъдан, номбурда ба ШВКД - и ҳамин ноҳия омада, ба гуноҳи худ оид ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин иқрор шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин амали ҷинояткорона бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода, бар асоси ҳукми суд Фаррух Халифаев муҳлати адои ҷазои худро дар колонияи дорои низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

ПОРА
Боздошти судя бо ҷурми ришваситонӣ
Чанде қабл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи суди ноҳияи Сино Рухшона Раҳмонализодаро бо ҷурми порагирӣ дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Тавре дафтари матбуоти агентӣ дар ин бора хабар дод: «17 октябри соли 2019 шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбат ба судяи суди ноҳияи Сино Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси гражданӣ аз рӯи даъвои шаҳрванд “Б” вобаста ба манзили истиқоматӣ, 13 марти соли 2019 - ум 2000 доллари ИМА талаб карда гирифт ва айни замон боз 2000 доллари дигарро талаб намуда истодааст».
Дар ҳамин асос нисбат ба Р. Раҳамонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” – и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, судя баъд аз гирифтани 2000 доллари амрикоии дигар дастгир гардид.  
Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Р. Раҳмонализода идома дорад.

АСЪОРИ ХОРИҶӢ
Ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ
Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар шаҳрванд Давлаталӣ Шарифов барои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ ҷарима шуд. Суд ӯро дар нақзи моддаи 286 (додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор донист.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Давлаталӣ Шарифов, дар ҳоле аз сӯи прокуратураи шаҳри Бохтар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд, ки дар бозори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон - Қӯрғонтеппа” - и шаҳри Бохтар ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул буд.
Ин дар ҳолест, ки қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад) ҷазо дар намуди ҷарима аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  муҳлати аз чор то шаш солро пешбинӣ менамояд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 1207
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед