logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Дар доираи таҳкими робитаҳои дуҷониба байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯзҳо (аз 11 то 15 ноябри соли равон) «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.

Ҳайати расмӣ ва ҳунарии кишвари ба мо дӯсту ҳамсояро вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати ҳунарӣ ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ҳамчунин, ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Ӯзбекистон, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» шомиланд.
Дар доира рӯзҳои фарҳанг 12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар Шамсиддин Орумбекзода ва Бахтиёр Сайфуллоев бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Баъди нисфирӯзӣ ҳайати расмӣ Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро тамошо карданд.
Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат гирифт. Тамошобинон қабл аз ифтитоҳи расмӣ дар даромадгоҳи театр аз тамошои намоиши аксҳо ва мусаввараҳо дар мавзӯи «Ӯзбекистони муосир» баҳра бардоштанд.
Дар вохӯриву ҳамоиш ва ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон васфи дӯстӣ буду арзи сипос  ба сарварони ҳар ду кишвар барои истиқрору таҳкими робитаҳои тарафайн ва фароҳам овардани имконоти равуои озоди ду халқи бо ҳам дӯсту бародар, ки қариб ду даҳсола байни ҳам фосила доштанд. Ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл Устод Рӯдакӣ ҳеҷ шодиро бартар аз дидори дӯст ва ҳеҷ талхиро талхтар аз фироқ надонистааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.
Шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштарак таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек баргузор мегардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед