logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯ - ҲОМИИ БОЭЪТИМОД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо таъкид кардаанд: «Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса дорад».
Албатта, чунин нақш ва эҳтироми милитсия безаҳмату талош ва муборизаву ҷонбозиҳо ба даст наомадааст. Мақомоти милитсия аз рӯзи таъсисёбиаш пайваста барои пойдории давлату миллат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таъмини волоияти қонун, тамоми ҳастии худро сафарбар намудааст. Ҳамин ҷонбозиву муборизаҳо, садоқату матонат буд, ки Пешвои муаззами миллат милитсияро ҳомии боэътимоди Ватан номиданд.
Ҳар як фарди худогоҳ аз таърих медонад, ки ниёгони мо тӯли асрҳо орзуи давлати миллӣ ва озодро доштанд. Хушбахтона, соли 1991 ин неъмат ба мо насиб гардид. Аммо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми кишварамон мушкилиҳои зиёде пеш омад. Душманони миллати мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори соҳибихтиёрии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва давлатдории онҳо набуданд. Ҳамин буд, ки бо истифода аз ноогоҳӣ ва қудратхоҳии бархе аз сокинони кишвар Тоҷикистонро ба обу оташ кашиданд. Кор ба ҷое расид, ки ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад ва мардум ба машаққатҳои зиёди сангине рӯ ба рӯ шуданд.
Ин як фоҷиаи талхи таърихие буд, барои мақомоти милитсияи тоҷик имтиҳони ҷиддӣ гардид. Зеро дар чунин вазъ ҳар як корманди милитсияро зарур буд, ки бо садоқату шуҷоатмандӣ рисолати касбии худро иҷро намояд. Гузашта аз ин, дар ҳамон замон мақому мартабаи милитсия кам нагардида, балки масъулияти бештаре ба дӯшаш афтод. Бо дарки ин масъулият кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи печидагиҳои сиёсию иҷтимоӣ дар сафи пеши мубориза бо қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ қарор гирифтанд. Маҳз саъю талошҳои пайваста ва ҳамкории судманди онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки фазои оромиву осудагӣ, дар ҷумҳурӣ таъмин гардид ва садҳо ҷинояткор ошкору ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Воқеан, дар сафи пеши мубориза бо  ҷинояткорон, ки ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакатро халалдор намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мекарданд, қарор доштани мақомоти милитсияи тоҷик бо гузашти солҳо возеҳтар шуд. Мо хотираи он ҷавонмардони диловареро, ки дар рӯзҳои пурдаҳшат ба хотири таъмини оромии ҷомеа мардонавор мубориза бурда, дар ин роҳ ҷони азизи хешро аз даст додаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.
Дар ҷангҳои таҳмилӣ бештар манотиқи ҷанубии кишвар зарар диданд. Аз ҷумла, дар Раштонзамин муддати зиёд хунрезиҳо идома ёфтанд ва дар ин набардҳо кормандони милитсия қаҳрамониҳо нишон доданд. Милитсионерону сарбозони дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба ёрии мо омада буданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онҳо муҳофизи асосии шаҳрвандон ва сохтори конститутсионӣ маҳсуб меёфтанд ва баҳри осоиштагии имрӯзаи кишвар 83 нафар корманди милитсияи навоҳии минтақаи Рашт ба шаҳодат расид. Бовар дорам, ки насли имрӯз ва ояндаи кишвар корнома ва қаҳрамонии кормандони милитсияро, ки ба хотири наҷоти миллат ва давлати ҷавони тоҷикон ҷони худро фидо карданд, фаромӯш нахоҳанд кард.
Кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт имрӯз ҳам пайи он талош менамоянд, ки сифати корро дар самтҳои гуногун хубтар ба роҳ монанд. Вохӯриҳои пайваста бо мардум ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамкори бо дигар мақомоти қудратӣ боис гардид,  ки сокинони минтақа маънавиёти хешро баланд бардошта,  дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия ёбанд. Боиси хурсандист, ки тайи ду соли охир аз ин минтақа ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ напайваста,  шумораи зиёди гумроҳшудагон бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргаштанд ва ба зиндагии осуда машғуланд.
Итминони комил дорам, ки айни ҳол обрӯ ва эътибори кормандони милитсия дар минтақа ва ноҳияи Рашт боло рафтааст, ки ҳамаи ин дар натиҷаи заҳмати содиқона ба халқу Ватан ба даст омадааст.  Аз ҳама муҳим ҳамин аст, ки сокинони маҳал ба милитсия бовар доранд ва дар лаҳзаҳои душвор барои кумак муроҷиат менамоянд. Яъне онҳо бовар доранд,  ки муҳофизу маслиҳатгар ва ҳомии онҳо милитсия аст. Дар навбати худ,  кормандони мақомоти милитсия дар Раштонзамин кӯшиш менамоянд, ки тамоми дониш, маҳорат ва қобилияти хешро барои хизмати софдилона ба халқу Ватан, оромию низоми ҷомеа сарф намоянд.

Сафиалло АЗИЗУЛЛОЗОДА, сардори раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт,
генерал - майори милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 1633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед