маориф
КВОТА. ЗИНДАГИИ ҶАВОНДУХТАРОН РАНГИ ДИГАР МЕГИРАД
Ҳанӯз соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат масъалаи ҷалби бештари занону духтаронро ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва мансабҳои давлатӣ ба миён гузошта буданд. Худи ҳамон сол барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар мактабҳои олӣ квотаи махсус ҷудо шуд.
Охири солҳои 90-ум, ки оташи ҷанг аланга мезад ва барои таҳсил ба пойтахт омаданро бештари духтарон танҳо орзу мекарданд, афсона ба ҳақиқат табдил ёфт. Маҳз квота духтаронро аз кунҷи русто то маркази маърифат овард, ки минбаъд аз ҳисоби онҳо садҳо кадрҳои роҳбарикунанда ба камол расид. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат теша ба решаи нофаҳмию тангназарӣ зада, ҷавононро ба фардои мақсуд раҳнамун сохт. Ҳазорҳо нафар духтарон ба хондану омӯхтан ҷалб гардиданд ва сафи «духтарони» Президент рӯз ба рӯз афзуд. Ин омил, бешубҳа, ба боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат кард. Ҳадаф аз таъсиси квота низ фароҳам овардани имкон барои рушди зеҳнии духтарон, тарбияи насли донишманду солор буду ҳаст, ки ба ин дастандаркорон муваффақ гаштанд. Он ба инкишофи тафаккури зеҳнӣ ва рушди малакаҳои пажӯҳишиву эҷодӣ, навсозиву ихтироъкории мутахассисони замони нав такон бахшид. Ҳоло духтарони тибқи квота таҳсилкарда дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ адои вазифа намуда истода, ба ин восита дар пешбурди ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Омили дигари муҳим васеъ гардидани доираи довталабон мебошад. Агар солҳои пеш ба духтарон афзалият дода мешуд, ҳоло писарони болаёқат ҳам метавонанд тибқи квота ба донишгоҳҳо роҳ ёбанд, ки ин албатта, хуб аст. Зеро кам нестанд писарони қобилиятноке, ки бо сабаби тангии вазъи иҷтимоӣ аз таҳсил дур мемонанд.
Вале зикри ин нуктаро ҳам лозим мешуморам, ки дар ин самт баъзе мушкилиҳо ҳастанд. Аз ҷумла, на ҳамаи хатмкардаҳо ба маҳали зисташон бармегарданд. Дар ҳоле ки яке аз ҳадафҳои ҷудо шудани квота ба хотири рафъи норасоии кадрӣ мебошад. Дигар ин ки баъзан донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда то ба ҳол дар таҳсил фориғболӣ нишон медиҳанд. Яъне, ба илмомӯзӣ на он қадар муносибати ҷиддӣ доранд. Ин аст, ки баъзеи онҳо аз сафи донишҷӯён хориҷ ҳам мешаванд.
Дар шароити имрӯза, ки ҷумҳуриамон ба кадрҳои баландихтисос беш аз пеш ниёз дорад, бояд муносибат ба омода намудани кадрҳо, махсусан аз ҳисоби ҷавонони тибқи квота таҳсилкунанда, ҷиддитар ба роҳ монда шавад. Хуб мешуд, ки дар вақти ҷудо намудани квота ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзию энергетика, саноати мошинсозию геология ва роҳсозӣ авлавият дода шавад. Зеро ҷумҳуриамон ба кадрҳои ботаҷрибаи ин соҳаҳо ниёзи бештар дорад.
Сафармо РОЗИҚОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56,
ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2019 №: 214 Мутолиа карданд: 2982