фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – ПАЙВАНДГАРИ РИШТАҲОИ ДӮСТӢ
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи мушкилот, ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагон аз кишварҳои узви ИДМ суҳбати гирди миз доир гардид, ки идомабахши чорабиниҳои Фестивали байналмилалии «Шарқ - Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» буд.
Дар оғоз раиси шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов аз тақвияти муносибатҳо байни кишварҳои ИДМ изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки барои густариши анъанаҳои азбайнрафта ва пайванд сохтани риштаҳои дӯстӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳим ба шумор меравад. Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки баргузор намудани фестивали байналмилалӣ муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистонро бо кишварҳои олам, хусусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, қавӣ мегардонад.
- Ҳунарҳои мардумӣ, ин, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин шудани мардум аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гурӯҳи мардум имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда, имконоти фаровонро барояшон муҳайё намуданд. Мо дар ин солҳо бунёди ҳунар созмон додем. Инчунин, дар Осиёи Марказӣ ҳамкориро рӯз ба рӯз тақвият мебахшем. Аз ҷумла, бо ҳамкорони қирғизамон дар ин ҷода робитаи хуб дорем, – иброз намуд тарроҳи тоҷик Мукаррама Қаюмова.
Намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидназар Худойназаров аз муносибатҳои нави байни ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон, изҳори хушнудӣ намуд ва ҳавасмандии ҷониби кишварашро барои ривоҷи бештари муносибатҳо таъкид кард: “Имкон аст, ки донишҷӯёни тоҷик дар устохонаи Консерваторияи Тошкант ҳунари созтароширо омӯзанд. Мо устоҳоеро тайёр мекунем, ки силсилаи асбобҳои мусиқӣ – дутор, ғижак, рубоб ва ғайраро омода мекунанд. Мо асбобҳоро дастӣ месозем, сохти фабрикавиро қабул надорем, зеро онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Омодаем, дар назди донишкадаи шумо низ як устохонаи созтарошӣ бунёд созем. Бовар дорам, дар ин самт низ муносибатҳоямон вусъат меёбанд”, - афзуд мавсуф.
Дар анҷом Сафаралӣ Қурбонов фестивалро муҳим, саривақтӣ ва ба манфиати тарафҳо номида, ҷиҳати саҳмгирӣ дар инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва густариши дӯстиву робитаҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба меҳмонон сипосгузорӣ кард.
А. ҒОИБЗОДА, устоди кафедраи филологияи ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2019 №: 214 Мутолиа карданд: 841