logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ ҶОМЕАСОЗ

Ҳар гоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯем, андешаи кафил будани як нафар ба сулҳу суботи кишвари азизамон дари олами афкори ҳар яки моро мекӯбад. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки номи худро ҳамчун эҷодгари сулҳ дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Болотару қиматтар аз сулҳу сафову ваҳдат барои як халқ чизи дигаре нест ва сарчашмаи тамоми муваффақияту таҳаввулоту пешравиҳоро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳсозӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қуллаҳои баланди нуфузу шуҳратро соҳиб гардиданд.

Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри  гузашта мавриди нишону ҳадафи манфиатҳои геополитикӣ қарор гирифта, бисёр нақшаҳои сиёҳкорон аллакай амалӣ гардида буд. Омилон ва тарроҳони ҷангу низоъ гумон мекарданд, ки лоиҳаҳои сиёҳи худро пурра амалӣ гардондаанд ва аз «раванди матлуби ҳаводис» ба хоҷаҳои бузурги худ ҳисобот ҳам медоданд. Аз як ҷониб инкор наметавон кард, ки дар ҳақиқат душманони миллат гирдоби мураккаберо ба вуҷуд оварда буданд. Мақсади ниҳоии онҳо – ҷанги хонумонсӯз бо тамоми маънӣ идома дошт. Чандин нафарони заифирода зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд ва дар ҳамон шароит вазъро торафт бадтар месохтанд. Оқибат вазъ то ба ҳадде расида буд, ки бисёриҳо аз ин масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифтан меҳаросиданду фирор мекарданд. Танҳо марди сарсупурдаву шуҷоъ – Эмомалӣ Раҳмон мардонавор ин масъулиятро ба дӯш гирифтанд. Мункирон як бор аз он андеша кунанд, ки Тоҷикистони солҳои навадум аз Тоҷикистони имрӯза фарқ дорад. Он рӯзҳо Тоҷикистон буҷетеро соҳиб набуд, ҳама дороиву сарвати миллат ба ғорат мерафт, мардум зиндагии қашшоқона дошт, тамоми системаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фано гардида буданд.
Гумон мекунем, ки пеш овардани ҷумлаи содаи  «халқ нони хӯрдан надошт» авзои онрӯзаро бо тамоми паҳлуҳо ифода карда метавонад. Ана, дар ҳамин гуна шароиту авзои даҳшатбор Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада буданд. Ин абармард сулҳу ваҳдатро барқарор карда, Тоҷикистонро аз нав сохтанд. Сулҳу ваҳдатро дар кишвари ба домани ҷанги шаҳрвандӣ печида овардан кори осон набуд. Ҷонбозӣ, сабру таҳаммул ва матонатро мехост. Боз ҳам мункирон ба дур не, ба кишвари ҳаммарзу ҳамзабони мо – Афғонистон нигаранд, ки зиёда аз 40 сол боз дар он ҷо ихтилофу ҷангҳои шаҳрвандӣ идома доранд. Дар ин муддат роҳбарону президентҳо дар ин кишвар даҳҳо буданд. Аммо касе аз онҳо натавонист, ки миллати мазлуми афғонро аз ин бало раҳоӣ бахшад. Ҳамин қиёс кифоя аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро чун муаллифи достони  сулҳу ваҳдати тоҷикон шиносему эътироф намоем.
Президент будан  дар навбати аввал ҷасорат ва баъдан масъулият аст. Тақдири миллионҳо нафарро масъул будан ва барои беҳбуди рӯзгори онҳо самарабахш талош кардан танҳо ба гуфтанҳову хонданҳову шуниданҳо осон аст. Таҷрибаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки президент будан кори ҳар нафар несту ба ҳар кас даст намедиҳад ва танҳо нобиғаҳо метавонанд, ки дар ин мақоми пурмасъул устуворӣ дошта бошанду истодагарӣ намоянд. Тақдир Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои халқи тоҷик гардонд, то дар тақдири ин халқ нақш дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ рӯидаву садои халқро мешунаванд ва ҳамин аст, ки халқ Президентро қабул кардаасту эътироф менамояд. Дар саросари кишвар тараннуми сиёсати сулҳпарваронаашон гувоҳи садоқати халқ аст.
Олами андешаҳо моро водор месозанд, ки ба баъзе қиёсҳо рӯ оварем. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвову Президенти халқ кореро анҷом доданд, ки баробари дигар шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ қадру ҷойгоҳ доранд. Масалан, амрикоиҳо А. Линколнро бо он дӯст медоранд, ки ҷанги шаҳрвандии шимолу ҷанубро барҳам зад ва Амрикоро аз шикасту парокандашавӣ наҷот дод. «Орзӯи амрикоӣ» - ро ӯ барои халқи худ эҷод кардааст. Фаронсавиҳо фарзанди худ Шар де Голро бо он пешвову наҷотбахш медонанд, ки тавонист, Фаронсаро наҷот бахшад. Шар де Гол буд, ки Фаронса абарқудрат монд ва абарқудраттар гардид. Мустафо Камолро халқаш барои он дӯст медорад, ки кишварашро аз арсаи нобудӣ берун оварду соҳибистиқлол гардонд. Туркияро монанд ба ҳудудҳои Империяи Усмонӣ тақсим намудан мехостанд, аммо Мустафо Камол монеаи ин фоҷиа барои халқи турк гашт. Маҳатма Гандӣ барои озодиву истиқлолияту оромиву сулҳи Ҳиндустон то охири умр мубориза бурдааст. Маҳатма Гандӣ буд, ки ҳудуди имрӯзаи Ҳиндустон боқӣ монд ва он аз чанголи ғосибон раҳо ёфт. Ин гуна мисолҳо дар таҷрибаи давлатдориҳо кам нестанд ва як чиз равшан аст, ки қаҳрамонии тамоми шахсиятҳо ҳамагӣ дар партави сулҳу ваҳдатсозии онҳо таҷаллӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон низ бо сулҳу ваҳдатсозӣ ба майдону саҳнаи роҳбарӣ омаданд. Равнақу пешравии ҳаёти халқи тоҷик, нозиданҳову фараҳу шодии миллат ва ҳар субҳи босафои сулҳу амонии кишвари мо ба ҳамин нияти хайри Пешвои миллат ҳамбастагӣ доранд. Бидуни шак, барои наслҳои имрӯзу минбаъда чунин бардошту хулосае ҳосил хоҳад гашт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенту роҳнамо мавҷудияту бақои як давлатро нигоҳ доштаанд.
Дар фаровард як мисолро аз таҷриба ва рӯзгори Авраам Линколн овардан мехоҳем, ки дар замони президентии худ гуфта буд: «Ман намегӯям, ки фарзанди бузургу сазовори Амрико ҳастам… Аммо як чиз бароям маълум аст, ки ҳангоми аз дарё гузаштан аспро иваз кардан мантиқ надорад». Ин таъбирро дар замоне гуфта буд, ки дар Амрико ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту ба нуқтаи анҷоми худ мерасид ва ислоҳот идома меёфт. Ислоҳот, эътимоди халқ ва дар мақом мондани Линколн заминаи абарқудрат гардидани Амрико гашт. Ба ин ваҷҳ, Тоҷикистон монеаҳои зиёдеро таҳти роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардааст ва рӯзгори худро тағйир додааст. Шукуфоиҳои дигари Ватан моро дар пешанд ва ба онҳо расидан танҳо бо роҳнамоии ин абармард ба халқи тоҷик даст медиҳад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи достони сулҳи миллати тоҷик аст ва ҳар як сатри ин достон бо ҷонбозиҳову садоқати ин шахсияти барҷастаи таърих ҷараён ёфтааст. Миллат қадри ин садоқатро медонад ва бо Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устуворона ба пеш мегузорад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН, мудири кафедраи журналистикаи
байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2019    №: 215    Мутолиа карданд: 1486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед