logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН - ХОНАИ УМЕДИ ФОРСИЗАБОНОН

Чашм ба шабака медӯзам ва гӯш медиҳам ба суханони пуралами афғонҳо ва эрониёни муҳоҷир. Эшон бо дили пурдард ва дар ҳасрати Афғонистони ҷангзадаю Эрони бостон ҳарф мезананд ва дар симои Тоҷикистон ватани гумкардаи худро мебинанд.
Аз ҳама хуштар он аст, ки тамоми донишмандони муҳоҷири афғону эронӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳри махсус доранд ва эшонро меросбари Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ эътироф кардаанд. Байни халқ масале ҳаст: «То мусофир нашавӣ, мусалмон намешавӣ»… Вақто ки дили афғону эронии муҳоҷир ба хотири меҳанашон гум мезанад, меоянд ба Тоҷикистон ва баъди бозгашт дар ақсои олам Тоҷикистонро  чун ватани фарҳанги ориёӣ ва Пешвои миллатро чун посдор ва пуштибони фарҳанги ориёӣ ситоиш менамоянд. Бале, барҳақ Тоҷикистон имрӯз пушту паноҳи  форсизабонони дунёст.
 Баъзан хонандагон суол  медиҳанд, ки бузургии Пешвои миллат дар чист? Посух медиҳам, ки дар бахшояндагиашон. Чандин маротиба ба қонунҳои авф имзо карданд, гуноҳи ҷинояткоронро бахшиданд. Мо дар замони шӯравӣ  бисёр чизҳоро  аз даст додем. Садди роҳи бунёди "Роғун" шудем, дар  Кӯлоб заводи аккумулятор насохтем, оби Мастчоҳ ба Истаравшан бурда нашуд, нақби Анзоб носохта монд… Дилу нияти холиси Пешвои миллат боиси он гардиданд, ки мо "Роғун" - ро  сохта истодаем ва бо «нохун» нақби Анзобро кандем. Тоҷикистон рӯз ба рӯз  ва соат ба соат  обод мешавад.
Моро як чиз ба андеша мегузорад: онҳое, ки заҳри беватанӣ чашидаанд, дар симои Тоҷикистон Ватан мебинанд ва беватанони Тоҷикистон дар орзуи вайронии онанд…
Дӯсту рафиқонам аз гӯшаю канорҳо  меоянд ва ба он қоил мешаванд, ки  дар тамоми гӯшаи Тоҷикистон навигарие мебинанду ободониҳо чашмрасанд. Ҳоло агар ба деҳоти Панҷакент сафар кунед, мебинед, ки деҳаҳо то рафт обод мешаванд ва аз он хонаҳои лоину гилин нишоне нест. Роҳҳо обод.
Ободонию созандагию бунёдкориҳои Пешвои миллатро мардум дастгирӣ мекунанд. Яке пул месозад, дигаре роҳ, сеюмӣ корхонаю мактаб. Созандагӣ дар хуни тоҷик ҷой гирифтааст. Ҳатто замони пеш Эшназару Саидмуроду Сафарбой дар Некнот, Қосимбойи Завронӣ дар заминҳои санглох боғ бунёд карда буданд. Шаҳобиддин чойхона ва Эвазмоҳ истгоҳи автобус сохтанд. Созандагию  бунёдкорӣ дар табиати мардуми мо  нуҳуфтааст ва Пешвои миллат тавонистанд ҳисси ватансозии мардумро бедор кунанд. Мо Тоҷикистонро обод менамоем, то ки хонаи умеди тоҷикон ва форсизабонони дунё Ваҳдатобод, Сулҳобод ва Оштиобод бошад.

Холмурод САФАРЗОДА, рӯзноманигор, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2019    №: 215    Мутолиа карданд: 1202
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед