logo

фарҳанг

"ЧАШМИ ЧОРИ ЧИЛУЧОРЧАШМА"

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Меҳрангез Қодирова «Чашми чори Чилучорчашма»-ро, ки аз 10 октябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод.
Дар навиштаи хабарнигори рӯзнома сухан аз вазъи ёдгорие меравад, ки он арзиши баланди таърихӣ дошта, ба асрҳои VII – VIII  мансуб аст. Ёдгорӣ аз ҷониби мутахассиси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. П. Окладников ва дигарон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст.
Вобаста ба ҳифзу нигоҳдории ёдгории мазкур ва ободонии  дохили он аз номи раиси ноҳияи Носири Хусрав аз 28 октябри соли равон ба вазорат мактуб ирсол гардидааст. Мавзеи бостонӣ – табиии Чилучорчашма айни ҳол дар мувозинаи «Пахтаи Шаҳритуз» - и ноҳияи Шаҳритуз қарор дорад. Дарвоқеъ дар ин макони сайру саёҳат ва сертамошо аз лиҳози санитарию гигиенӣ ва иншооти хизматрасонӣ камбудиҳо ба назар мерасанд. Вазорати фарҳанг барои баррасии масъалаи мазкур ва назорат аз болои мушкилоти ҷойдошта пайваста тадбирҳои судманд меандешад ва онро таҳти назорати доимии хеш қарор медиҳад. Масъулони бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихии вазорат талош доранд, ки бо пайдо гардидани имкониятҳои бештар ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори зарурии дохили мавзеи Чилучорчашма чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.
То ин дам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шуъбаю бахшҳои дахлдор бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин мавзеъ як қатор корҳоро ба анҷом расондааст.

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2019    №: 215    Мутолиа карданд: 1253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед