маориф
"КӮШОНИЁН. ЧАРО ХОНАНДАГОН БО ЛИБОСИ МАКТАБӢ ТАЪМИН НАШУДААНД?"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён матлаби «Кӯшониён, чаро хонандагон бо либоси мактабӣ таъмин нашудаанд?» - ро, ки 5 сентябри соли 2019 нашр гардидааст, дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои камбудию норасоиҳои дар мавод нишондодашуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.
Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, барои соли хониши соли 2019 - 2020 - ум, ҷиҳати таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, бо 3 корхонаи истеҳсоли либоси мактабӣ шартнома ба миқдори 26230 ҷуфт баста шудааст. Онҳо Ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» ба миқдори 4230 ҷуфт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» - и шаҳри Бохтар – 5000 ҷуфт ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Равзаи Юсуф» 17000 мебошанд. То оғози соли хониш аз тарафи ин корхонаву ташкилот ҳамагӣ 17755 ҷуфт либоси мактабӣ, яъне дар ҳаҷми 67 дарсад таъмин шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешад.
И. ВАЛИЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.11.2019 №: 216 Мутолиа карданд: 5446