фарҳанг
«ЧАШМИ ЧОРИ ЧИЛУЧОРЧАШМА»
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав матлаби «Чашми чори Чилучорчашма» - ро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки 10 октябри соли равон ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Мавзеи таърихию табобатии Чилучорчашма дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Носири Хусрав ҷойгир буда, дар мувозинаи ҶШК «Пахтаи Шаҳритуз» - и ноҳияи Шаҳритуз мебошад.
Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ пайваста чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, аз ҷониби масъулони соҳа дар ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии «Шифо» - и ноҳияи Шаҳритуз дар истироҳатгоҳ ҳашар ва аксияи «Тозагӣ гарави саломатист» гузаронда шуд. Дар он зиёда аз 200 сокини деҳаҳои Муъминобод, Орзу, 20 – солагии Истиқлолият ва Олтинсойи ноҳияи Носири Хусрав иштирок намуда, гирду атрофи бино ва ҷойҳои ҷамъиятиро рангубор карданд.
Ҳамчунин, барои андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба ободонию бунёдкории дохили мавзеъ, аз ҷумла ташкили марказҳои иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ, ишораҳои сарироҳӣ, таъсиси мағозаи армуғонҳо, ширкатҳои соҳавӣ ва омода намудани лавҳаҳои иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ дар ин ҷо ба маъмурияти ҶСК «Шаҳритуз» - и ноҳия Шаҳритуз мактуб ирсол гардид.
Д. НИШОНЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.11.2019 №: 216 Мутолиа карданд: 890