logo

туризм

ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ САЙЁҲОН

Тоҷикистон бо кӯҳҳои осмонбӯс, меваҷоти пуршаҳду шакар, шаршараву рӯдҳо, марғзорони сабзу хуррам, олами рангоранги ҳайвоноту наботот, гиёҳҳои шифобахш, кӯшку қасрҳои қадима барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни сайёҳӣ иқтидори бузург дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки самараи дилхоҳ ба бор овард. Аз ин рӯ, баҳри рушду пешрафти бештари соҳа, инчунин, инкишофи инфрасохтори деҳот Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карданд, ки солҳои 2019 – 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шавад. Ва дар иртибот ба ин, иброз доштанд: «Мақсад аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад».
Вобаста ба амалисозии ин ҳадафҳо имрӯзҳо дар гӯшаву канори гуногуни Ватани маҳбубамон корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Садҳо иншооти зебову муосир ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд ва дар баробари ин, садҳо километр роҳҳои маҳаллӣ мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифтаанд, ки рӯз ба рӯз симои кишварро ҳусни дигар мебахшанд. Натиҷаи ҳамин созандагиву бунёдкориҳост, ки ташрифи сайёҳон ба диёри офтобрӯ ва ҳамешасабзи мо беш аз пеш меафзояд. Агар соли 2018 ба Тоҷикистон зиёда аз як миллион сайёҳ омада бошад, тайи нуҳ моҳи соли равон шумораи онҳо, аллакай, бештар аз 900 ҳазорро ташкил дод.
Ин ҳанӯз оғози кор аст ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар амри боз ҳам ободу зебо гардондани Меҳани азизамон тамоми сокинони кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва солҳои наздиктарин Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешрафтаи сайёҳӣ шинохта хоҳад шуд. Зеро мақсад аз ин бунёдкориву созандагиҳо баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва, дар маҷмӯъ, ба мамлакати мутараққӣ табдил ёфтани Ватани маҳбубамон мебошад.

Турон ТӮЙЧИЕВ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 7517
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед