logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОК ДОРЕМ

Забон падидаи муҳими иҷтимоист, ки пайваста бо ҳаёти  ҷомеа рушду тавсеа меёбад, аз тағйироту пешрафтҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, бахусус илмиву техникӣ  таъсир  гирифта, ғанӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар ҳар давру замон ба он калимаву истилоҳот ва ибораву таъбирҳои тоза бо роҳу воситаҳои гуногун ворид мешаванд.
Масалан, ба забони тоҷикӣ дар асри ХХ вожаву истилоҳоте мисли  арматура, бетон, бензин,  биржа, брезент, вагон,  вирус, витамин,  гараж,  генератор,  декан,  диаграмма, дизел, инкубатор, кабина, кафедра,  кибернетика, кино, колба, команда, комбайн, компютер, лаборант, лектор, механизатор, радиатор, рентген, телевизор, тепловоз, футбол, электротехника ва ғайра, бидуни тағйири ҳарфу овоз  дохил шудаанд. Баъзе калимаҳо,  бо тақозои  хусусиятҳои  овоии забони  тоҷикӣ, бо тағйироти ҷузъӣ ворид гаштанд. Масалан, калимаҳои афсар (офицер), бонк (банк), бағоҷ (багаж), буҷет (бюджет), кумита (комитет), милиса (милиция), мошин (машина), семент (цемент), сентнер (центнер), факулта (факультет). Вале калимаҳое ҳам ба нудрат ба назар мерасанд, ки  тағйири бештар дида, ба калимаҳои тоҷикӣ шабоҳат пайдо кардаанд. Масалан, калимаи абонементи  фаронсавӣ  дар забони тоҷикӣ шакли обунаро гирифтааст.
Гурӯҳи дигари калимаву ибораҳо аз тарҷумаи таҳтуллафзи калимаву ибораҳои хориҷӣ иборат мебошад. Ба ин гурӯҳ метавон калимаву таркибҳои барӯйхатгирӣ, бима, қаҳрамонмодар, қаҳрамоншаҳр, наворбардор, хоҷагии қишлоқ, хоҷагии деҳқонӣ, шанбегӣ, шартнома ва ғайраро дохил кард. Албатта, ин роҳу василаҳои иқтибоси вожаҳои хориҷӣ барои ғановати  таркиби луғавии забони  тоҷикӣ  мусоидат менамоянд. Вале истифодаи  ноҷо ва нодурусти  онҳо  ба покизагиву фасоҳати забон  осеб ҳам  расонда метавонад. Дар ин бора ҳарчанд аз устод Садриддин Айнӣ сар карда донишмандони зиёде сухан рондаанд, вале, мутаассифона, ин норасоиҳо аз байн нарафтаанд ва хатоҳои нав пайдо мешаванд.
Забони тоҷикӣ аз замонҳои қадим бо забонҳои дигари кишварҳои  шарқиву ғарбӣ робита дошта, аз онҳо калимаҳои зиёдро иқтибос намудааст. Илова бар калимаву таркибҳои арабӣ, мисли китоб, дафтар, қалам, мактуб, салом, вазорат, давлат, ватан, илм, дарс ва ғайра, ки дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ хеле зиёданд, вожаҳо аз забонҳои дигар низ дар забони мо чунон устувор ҷой гирифтаанд, ки имрӯз иқтибосӣ будани онҳоро ҳис намекунем. Масалан, пиёла (юнонӣ), чой, манту ва лағмон (чинӣ), духтур (лотинӣ), чит (ҳиндӣ), чоп (туркӣ) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Раванди гирифтани иқтибосҳо имрӯз бар асари  пешрафти босуръати илму техника хеле  қавӣ шудааст ва  ҳар рӯз чанд калимаву истилоҳ ба забони мо ворид мегардад. Барои ба низом даровардани ин раванд, пеш аз ҳама,  забоншиносонро зарур аст, ки  меъёру равишҳои интихоби калимаву истилоҳоти хориҷиро муайян намоянд. Мехоҳам чанд мулоҳизаро дар бораи баъзе нуқсонҳое, ки дар матбуот ба назар мерасанд, баён намоям.
Забон ҳарчанд падидаи иҷтимоист, вале мисли илмҳои табиатшиносиву риёзиёт қоидаву қонунҳои хос дорад, ки  риоя накардани онҳо боиси харобии нутқу калом мегардад. Масалан, ҳар пасванду пешванд  вазифаи муайян дорад ва барои ифодаи матлабе хидмат мекунад. Пасванди – «она» барои ифодаи  сифату  ҳолати ашё ба кор меравад ва онро барои ифодаи мансубият истифода кардан ҷоиз нест. Вале, мутаассифона, вақтҳои охир бештар ба ҳамин маънӣ истифода мешавад. Дар  ибораҳои маъруфи «адабиёти бачагона», «майдончаи  кӯдакона», «боғчаи кӯдакона» маънии дилхоҳ, ки мансубият аст, дарк намешавад.
Дар асари Б. Камолиддинов «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ба меъёри забони адабӣ мувофиқ набудани  исмҳои  «хӯрокаю пӯшока» таъкид шуд. Вале ин нуқс бартараф нагардида, баръакс, гунаҳои нави он, мисли «либоса», «нависа», «анбора» пайдо шудаанд, ки дар пештоқи биноҳо бо ҳарфҳои дурушт  сабт мешаванд. Ҳол он ки барои ифодаи  фаровонӣ дар забони тоҷикӣ пасванди  - «ворӣ» (хӯрокворӣ, либосворӣ…) истифода мешавад.
М. Шакурӣ дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» истифодаи нодурусти  калимаву ибора ва  истилоҳоти зиёдеро, мисли  майдони истеҳсолӣ, майдони пахта, созанда, истеъдод, боғи ҳайвонот, ташриф, қарзи гражданӣ, нафақагир, сел, мусиқӣ, арзон шудани нарх, нақш, намоишнома, намуд, ҳарорат, шаҳодат, туҳфаи хоксорона, худхизматрасонӣ, худтанқидкунӣ, азнавбарқароркунӣ, сеошёнадор, навхонадор, фермаи ширӣ ва ғайра, нишон дода буд. Вале аксари ин  нуқсон ҳоло ҳам  дар матбуот ба назар мерасад. Ҳоло ҳам тақлиди  ноҷо ва тарҷумаи таҳтуллафзи  калимаву ибраҳои хориҷӣ идома дорад.
Дар ҳар забон, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ ҳам, калимаҳо бо мурури замон сайқал ёфта, суфтаву мӯҷаз мешаванд. Инро мо бештар дар номҳо мушоҳида мекунем: Маҳмад (Муҳаммад), Машариф (Муҳаммадшариф), Маниёз (Муҳаммадниёз), Шоназар (Шоҳназар), Ниёзмат (Ниёзмуҳаммад), Алимад (Алимуҳаммад)… Калимаҳои забон ҳамеша аз мураккабӣ  ба содагӣ рӯ меоранд, то ки талаффузашон фасеҳу хушоҳанг  гардад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир раванди баръакс, яъне аз содагӣ ба мураккабӣ   гаравидан дар сохтани калимаву ибораҳо мушоҳида мешавад. Масалан, ибораҳои «муассисаи таҳсилоти миёна», «муассисаи таҳсилоти олӣ», «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия»  ва ғайра. Магар ба ҷои мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр  як калимаи зебову хушоҳанги «шаҳрдорӣ» - ро истифода бурдан беҳтар нест?
Забони мо имрӯз ҳам  ба ғамхориву посдорӣ ва ҳифзу поксозӣ ниёз дорад. Дар суханронии Президенти муҳтарами мамлакат ба муносибати  Рӯзи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимнан, ба норасоиҳо дар татбиқи қонуну қоидаҳои забон ва ба ин масъала таваҷҷуҳ накардани  масъулон ишора гардида, вазифаҳои соҳибони ин забон дар замони ҷаҳонишавӣ барои поку тоза нигоҳ  доштану ривоҷ додани он равшан  баён шудааст: «Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва  низоми овозии он  мутобиқ гардонем». Иҷрои ин вазифаи муҳим аз ҳар соҳибзабон, бахусус донишмандон, таваҷҷуҳи бештарро ба забон ва  ҳусни калом дархост менамояд.

Мирзо МУЛЛОАҲМАД,
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед