logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Қотил 22 сол паси панҷара рафт
Муноқишаи як оила дар ноҳияи Вахш, ки бидуни никоҳи расмӣ зиндагӣ мекарданд, бо куштори ҳамсар анҷом шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳодиса моҳи марти соли равон рух дод. Олимҷон Алимов ҳамсараш С. Назароваро бо роҳи буғӣ ва зарби корд дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расондааст. Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш фарши яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматиашро канда ҷасади ҳамсарашро онҷо зери хок мекунад.
Аз рӯи ин ҳолат прокурори вилояти Хатлон бо моддаи 104 қисми 2 банди «д» (Одамкушӣ. Куштани зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст) - Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо ҳукми суди вилоят О. Алимов 22 сол равонаи зиндон шуд.

ДУВОЗДАҲ СОЛИ ЗИНДОН
барои кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулзорхон Додихудоев -  сокини ноҳияи Шуғнонро дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва контрабанда гунаҳгор дониста, ӯро ба 12 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт маҳкум кард.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар дод, Г. Додихудоев дар дидбонгоҳи муваққатии ШБДА дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз тарафи кормандони ШВКД – и ноҳияи мазкур ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар дастгир шудааст. Ин дар ҳолест, маҳкумшуда қаблан низ бо содир намудани ҷинояти моддаи 200 қисми 4 банди «д» - и Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) суд шудааст.
Номбурда маводи нашъаовари навъи ҳашишро дар ҳаҷми 1 килограмму 50 грамм аз Муҳаммадвалӣ ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ гирифта, қасд дошт, ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад. 

ҚАЛЛОБӢ
Амали фиребкоронаи
хонахарон тафтиш мешавад
Кормандони милитсия ба тафтиши ҳодисае шурӯъ кардаанд, ки гумон меравад дар он ду нафар - марди 20 ва 31 - сола дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ даст дошта бошанд.
Ба иттилои сомонаи ВКД, тафтишот дар заминаи шикояти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД - 1 ноҳия оғоз гардидааст. Муроҷиаткунанда, ки аз ӯ зани 54 - сола ном бурда мешавад дар аризааш ба мақомоти корҳои дохилӣ арз кардааст, ки нафарони зикршуда моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёнро ба маблағи 190 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро надодаанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 1419
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед