logo

сиёсат

ИНСТИТУТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. НАЗАРЕ БА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

5 апрели соли 2016 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола дар Ватани маҳбуби мо 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Президент на ҳамчун мавҷудияти мансаби олии давлатӣ дар мамлакат, балки, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мо аст, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро кушода доданд. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани Ватану миллат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири рушду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки ин амалҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардиданд.
Асосҳои сиёсию ҳуқуқии таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин санадҳои ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарчашма мегирад.
Таъсиси мансаби Президент аз ду марҳилаи таърихӣ иборат мебошад.
Марҳилаи нахустини он бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1990 «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШСТ» вобаста буда, тибқи қонуни мазкур ин вазифа бо мақсади вусъати дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат, таҳкими сохти конститутсионӣ ташкил карда мешавад.
Ин марҳила (27 ноябри соли 1992) то қабули Қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия идома ёфт, ки тибқи он мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, вазифаҳои ӯ ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирон вогузор карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои гуногуни ба ном мардумӣ, ин институти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат инкишофи минбаъдаи худро наёфта, аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии худро муддате аз даст дод.
Баъдтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15 - умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 ноябри соли 2009) ин давраи вазнини таърихи миллатамонро таҳлил намуда, зикр карданд: «Танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки, дар маҷмӯъ, ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором сохт».
Марҳилаи дуюми таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ (16 ноябр - 2 декабри соли 1992), Муроҷиатномаи Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба халқ аз 12 декабри соли 1992, иҷлосияҳои ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳуми Шӯрои Олӣ вобастагии амиқ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбарии Комиссияи конститутсиониро ба зимма доштанд, дар ин хусус изҳор дошта буданд: «Бо назардошти тамоми хусусиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, бо мақсади муташаккилона гузарондани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад. Илова ба ин, аксарияти кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд».
Дар иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар моддаи 2 қонуни мазкур пешбинӣ шуда буд: «Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсия интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шавад».
Дар ҳамин асос, 6 ноябри соли 1994 дар баробари бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам интихоб гардида, 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рафти минбаъдаи давлатсозӣ дурустии ин роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти идоракунии самаранок ва сохтмони давлатӣ, рушди тамоми институтҳои ҷомеаи демократӣ, боло рафтани эътибори давлат, нақшу манзалати инсон ва шаҳрвандро бармало собит намуд. Нахуст, эътимоди халқ ва баъдан эътимоди дигар қувваҳои сиёсии мамлакат ба ин институти давлатдорӣ қавӣ гардида, дар мамлакат фазои ором ва суботи бардавоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва иштирок дар идоракунии давлат рӯйи кор омад.
Халқ зери ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, давлат зери роҳбарии Президент барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, инчунин, фаъолияти бесобиқаи созандагию бунёдкорӣ имконият ва шароити воқеӣ пайдо намуд.
Имрӯз мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем, онро дар баробари дигар муқаддасот дарёфти таърихии миллати худ арзёбӣ мекунем, атрофи ӯ муттаҳидем, дар зери дастуру ҳидоятҳои саодатбахши Сарвари худ Ватани азизамонро ба ободию шоҳкориҳои минбаъда мерасонем.

К. КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 1092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед