logo

иқтисод

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. СОХТАКОРӢ ДАР ПАХТАКОРӢ

Ҳоло дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта ба охир расида истодааст. Пешқадамони ин ҷода бо мукофотҳои молию пулӣ,  аз ҷумла мошинҳои сабукрав, қадр мегарданд. Аз наворҳои телевизионӣ ҳамагон шоҳид шудем, ки  роҳбарони вилоятҳои Хатлону Суғд Қурбон Ҳакимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи чинакчиён дар ҳашарҳои умумӣ  ширкат намуда, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.

Мушоҳидаю  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди дастгирию ҳавасмандсозии пахтакорон бо таъсири омилҳои гуногун баъзеи онҳо  аз уҳдаи иҷрои нақша набаромада истодаанд. Як қисми мутахассисон сабаби ба вуҷуд омадани ин ҳолатро ба гарм шудани иқлим нисбат медиҳанд. Ба андешаи онҳо, маҳз 48 - 50 дараҷа гарм гардидани ҳарорати ҳаво пахтазоронро гулрезу шонарез менамояд. Ин андеша қобили қабул ва ҳақиқати ҳол буда наметавонад. Зеро дар навоҳии гармтарини мамлакат чун Шаҳритузу Ҷиликӯл деҳқонони мумтоз  ҳосили зиёд ба даст меоранд, ки самари кам нест. Бар асоси таҳлили қисми дигари олимону мутахассисони соҳа, таҷрибаи ғанӣ, коркарди хуби агротехникӣ ва сари вақт додани ғизои зарурӣ, имкон медиҳад, ки ҳосили хуб ба даст ояд. Мутаассифона, вақтҳои охир дар баъзе аз ноҳияҳо масъулон ба ин паҳлуи масъала хунукназарӣ менамоянд. 
Мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Қулиев гуфт, ки аксари деҳқонони пахтакор дониши  кишоварзӣ надоранд. Сабаби асосии таназзули соҳа низ  ҳамин аст.
- Дар шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақа  ҳамагӣ як агроном фаъолият менамояд, ки ба роҳбарони ҳазорҳо хоҷагии деҳқонӣ маслиҳати зарурию саривақтии соҳавӣ дода наметавонад. Аз ин рӯ, ҳадди ақал дар назди ҷамоатҳои деҳот ба кор қабул кардани агроном аз манфиат холӣ нест, - изҳор дошт ӯ. 
Мушкилоти дигари пахтакорон имрӯзҳо бо  нархи дандоншикан аз хориҷи мамлакат дастрас намудани нуриҳои азотӣ ва минералӣ мебошад. Худ қазоват кунед, ки пахтакор як халта доруи минералиро  бо арзиши 270 сомонӣ дастрас мекунад, вале корхонаҳои коркарди пахта маҳсулоти онҳоро бо нархи ночиз мехаранд. Ин омилест, ки ҳавасмандии деҳқонро нисбат ба кишти пахта аз байн бурда истодааст. Ҳолати мазкур ба иҷро нагардидани нақшаи кишту коҳиш ёфтани ҳосилнокии он оварда расондааст.
Ба андешаи мо, зарур аст, ки дар навбати аввал  масъалаи нархи хариди пахта ва  барқарорсозии корхонаи нуриҳои азотии Вахш ҳарчи зудтар бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Ба кор ҷалб намудани агрономҳои варзидаи соҳа дар ҷамоатҳои деҳот низ амри зарурист. То кай ин мушкилиҳоро масъулони соҳа бо ҳисоботи бардурӯғ пардапӯш менамоянд? Боиси таассуф аст, ки хоҷагие, ки аз як гектар дусад килограмм ҳосил нагирифтааст, аз иҷрои нақша барвақт ҳисобот медиҳад. Корчалонҳои соҳа бо дастгирии баъзе ба ном «коргоҳ», аз ҷумла «Тиллои сафед» - и шаҳри Кӯлоб, боз дурӯғашонро асоснок мекунанд. Бо ин ҳама муаммоҳои печ дар печ фикр мекунам барои ба тағйирёбии иқлим марбут донистани таназзули бахши пахтакорӣ, бавижа  дар минтақаи Кӯлоб, ҷой намемонад.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 1671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед