logo

сиёсат

ПАРЧАМ РАМЗИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу  ҳолатҳои гуногун рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Агар  ба таърих бингарем, ҳар як рамз то ҷое равшангари чанд саҳифаи саргузашти қавмеву нажоде ва миллатеву давлатест. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи рангину деринтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз  дар  солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеи устувор касб кард, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард.
Дар таърихи халқи тоҷик низ парчам ва парчамдорӣ бо ҳикоятҳое басо ҷолиб ҳамбастагӣ дорад. Яке аз ин ҳикоятҳо тавассути «Шоҳнома» - и  безаволи Фирдавсӣ то ба рӯзгори мо расидааст. Бинобар ҳикояти муаллифи «Шоҳнома», Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешгири чармии хешро бар сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Ба ин васила, шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешгирии Коваи музаффарро «Ковиёни дурафш» (дурафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст.
Моддаи 18 - и Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар ин робита, барои таҳияи Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ комиссияи махсус ташкил шуд. Вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ оид ба тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол иқдомоте рӯи даст гирифтанд. Ниҳоят соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида, дар тақвими рӯзҳои ид ворид шуд, ки амри басо судманде дар ростои худшиносии миллист. Ин рӯзи муборак собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлат ва ифтихори миллии моро ифода  мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
Мутобиқи  моддаи 3 - и  Конститутсия  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф шуда, онҳо таҷассумгари истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошанд. Бо дидани рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ аз тарафи ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан зиёд гардида, эҳтиром ба онҳо бояд дар замири ҳар нафар ҷойгоҳи шоиста дошта бошад.

Н. ЗОИРОВ,
Г. ХУШВАҚТОВ,
устодони  Донишкадаи  такмили
ихтисоси Вазорати  адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 2039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед