logo

сиёсат

ТАДҚИҚОТИ ГАРОНАРЗИШ ОИД БА АРИСТОТЕЛ

Чанде пеш тадқиқоти илмии доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор С. Ятимов таҳти унвони «Аристотел: давлат ва сиёсат» ба зевари табъ ороста шуда, тавассути маҷаллаи академии «Илм ва ҷомеа» дастраси хонандагон гардид, ки ҷиддитарин иқдом дар шинохти мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ – Аристотел ва диди тоза дар маърифати давлати миллӣ маҳсуб аст.
Бо манзури сохтору таркиб тадқиқот шомили муқаддима, шаш фасл, хулоса ва тавзеҳ буда, дар муқаддимаи асар муҳаққиқ роҷеъ ба назарияи давлат ва хосса зуҳури давлати миллӣ ва назокату мухтассоти он, мактаби давлатдории миллӣ, нақши шахсияти сиёсӣ ва симои абарқудрати сиёсии миллӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалияи фаъолияти симои сиёсӣ ва ғайра баҳсҳои  басо судманду пурманофеъ қобили сурат шудаанд, ки илмӣ ва арзишманд мебошанд.
Дар ҳамин бахши тадқиқот бори аввал бо далоили қотеъ баъзе хусусиятҳои давлатдории миллӣ, аз таманно ба воқеият бадал гардидани он, тарҷеҳи давлати миллӣ қиёсан бо ашколи дигари давлатӣ, дифои арзишҳои миллӣ ва ғайра баҳсҳои сирф илмӣ дар заминаи осори ба давлат ва сиёсат бахшидаи мутафаккири Юнони Бостон ва қиёси назарияҳои вай бо донишмандони машҳури асрҳои миёна Г.Гегел, В. Фейербах, Т. Гобс ва дигарон сурат гирифтааст.
Дар фасли «Арасту ва мавқеи методологияи тадқиқот дар асари ӯ – «Сиёсат» муҳаққиқ таъкид менамояд, ки «Аристотел олимест, ки роҳ, усул, восита, метод ва методологияи тадқиқоти илмиро асос гузоштааст. Бузургтарин кашфиёти ӯ (Арасту – А.М., М.С.), тавассути умумият ва дарк кардани фардият дар илми мантиқ эътироф гаштааст».
 «Оид ба табиати давлат» унвони дигари фасли ин китоб мебошад. Дар ин қисмат маҷмӯи муносибати ҷамъиятӣ аз назари Арасту санҷида шуда, тибқи маълумоти ин мутафаккир, муоширати сиёсӣ риҷҳон дода мешавад, ки комилан саҳеҳ ва илмист. Мутафаккир дар ин бахш зуҳури инсонро бо назари дигар мебинад ва таъкиде дорад, ки: «Худи инсон табиатан зуҳуроти сиёсӣ» маърифат карда мешавад.
Фасли дигари тадқиқот таҳти унвони «Оид ба мавқеи инсон дар ҷомеа» аст. Пеш аз ҳама, дар ин бахш таъкид мешавад, ки: «Мавзӯи марказии тадқиқоти Арасту дар соҳаи шинохти давлат ва сиёсат инсон…» ва мақому мавқеи он маърифат карда мешавад, ки гузориши масъала, усули тадқиқ ва натиҷагириҳои муҳаққиқ дар ин бахш басо нодиру ҷолиб манзур мегардад. Фаразан, «Инсон дар таълимоти Арасту, – таъкид мекунад С. Ятимов, – узви ҷудонашавандаи давлат аст. Ӯ наметавонад бе давлат арзи ҳастӣ намояд». Тибқи хулосаи мутафаккир,  «… ҷузъ бе кулл қудрати ягонагӣ ва тавоноӣ надорад. Дасте, ки аз тан ҷудо гашт, ба ҳеҷ мубаддал мегардад. Алоқаи шахсро бо давлат дар ҳамин гуна муошират ва муносибат мебинад».
Яке аз рисолатҳои таърихии Аристотел дар шинохти ҷомеа он аст, ки ӯ «Ҳангоми таҳлил ва арзёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ назари худро дар ин маврид возеҳу равшан баён мекунад: «Шаклҳои зиёд ва гуногуни роҳбарӣ ва тобеият вуҷуд доранд. Аммо чӣ қадаре ки сатҳи (дониш, малака, ҷаҳонбинӣ, тахассусмандӣ)-и тобеон баланд бошад, роҳбарӣ бар онон низ дар сатҳи камолот хоҳад буд».
С. Ятимов барои рушди ҷомеа ва рифъати маънавиёти он нақши санъати нафиса ва ё каломи ҳунарӣ, фарҳанг ва санъатро бузургтарин неру медонад, ки хеле муҳим аст, зеро хосса каломи ҳунарӣ тафаккурсоз буда, таъсирнокии бештаре ба ҷомеа дорад. Зиёда аз ин, каломи ҳунарӣ ва ё сухани образнок фарогири ҷузъиёти гузаштаву ҳозираи ҳаёти инсонҳоро мунъакис месозад, беш аз он, каломи ҳунарӣ ҷанбаи басо қавии таманноӣ низ дорад, ки падидаи мазкур инсонро боз ҳам ба кору зиндагӣ дилгарм месозад. Дар вуҷуди инсонҳо раҳму шафқат, дилсӯзиву ғамхорӣ, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, амиқравӣ дар тафаккур, рифъати меъёрҳои ахлоқӣ, ғановати маънавӣ ва ғайра, ки ин ҳама ғолибан тавассути каломи ҳунарӣ амалӣ ё худ воқеӣ карда мешавад.
Дар таълимоти мутафаккир, бахусус давлати миллӣ, риҷҳон дода мешавад. Вале агар симои сиёсӣ ва ё сиёсатмадори соҳибхиради миллӣ муяссар нагардад, он гоҳ низоми ҷомеа осебпазир гардида, таҳдидҳо тақвият меёбанд.
Фаразан, Тоҷикистон Истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард, вале симои сиёсии миллӣ, шахсияти миллӣ дар он сол зуҳур накарда буд. Фурсате анархияи сиёсӣ тақвият ёфт, ки хавфноктарин марҳала буд. Зеро парокандагии сиёсӣ таҳдид мекард ва марзи ягонаву иттиҳоди миллат рӯ ба адам оварда буд. Илова бар ин, низои миллӣ, ки авҷи ҳаводиси махуф буд, давом мекард ва бо андак баҳонае ҷо - ҷо гурӯҳҳо барои нишон додани таъсири нуфузи хеш ба кушторҳои гӯшношунид даст мезаданд ва касе онро бар уҳда намегирифт. Албатта, ҷанг оташ аст ва ин оташ хеле доман паҳн карда буд.
Дар ҳамин лаҳзаи махуфтарини таърихи миллат, армуғони қисмат шахсиятро рӯйи ҳастӣ овард ва бузургтарин рисолати таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки вакилони халқ шахсияти ҳақиқиро шинохтанд. Варна касе хоҳиши сарвариро бар уҳда гирифтан мутлақо надошт.
Симо, шахсият ва чеҳраи миллӣ, ки истеъдоди фитрӣ дошт, дар кӯтоҳтарин фурсати таърихӣ захмҳо даво ёфт ва симо ба ин дардҳо шифо бахшид. Ин шахсияти абарқудрати сиёсӣ, симои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.
Бузургтарин рисолати таърихии шахсияти абарқудрати сиёсӣ – Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар давлатсозии миллӣ ва сипас, тафаккурсозии миллӣ буд, ки ваҳдати миллиро тавлид кард. Ин рисолати таърихиро, ки Пешвои миллат ба ҷо овард, бузургтарин кашфиёт дар таърихи миллат буд, дар чунин шакл то Эмомалӣ Раҳмон таманнои миллӣ маҳсуб меёфт. Ҷанбаҳои назарии проблемаи мазкур бори аввал дар асари фавқуззикри профессор С. Ятимов аз нигоҳи фалсафӣ - таърихӣ ба субут расонда шудаанд, ки комилан падидаи тоза дар шинохти таърихи миллат ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсии кишвар аст.
Барои бақои истиқлолияти сиёсии мамлакат муҳаққиқ боз ҳамон назарияро қиёсан бо осори назариявии асримиёнагию муосир омӯхта, таъкид мекунад, ки: «Мантиқи назарияи Арасту иборат аз он аст, ки ҳангоми муомила ва муносибат бо намояндагони дигар давлатҳо «Донистан ва фаҳмидани мамлакати худ, ҷуғрофия, таърих, маданият, структураи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ… афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ… ҳамин гуна донишҳо дар бораи давлатҳои минтақа, абарқудратҳо ва сиёсати онҳо» зарур аст. Ин қазоват ғолибан ба бахши сиёсати хориҷии кишвар рабт дошта бошад ҳам, ба масоили дохили мамлакат низ боарзиш аст. Ба назари мо, як ҷиҳати таҳқиқоту таҳлили комили муҳаққиқ он аст, ки ӯ аз андак муҳокимае басо хулосаҳои кулл ва серҷанба бароварда метавонад. «Дар маркази таваҷҷуҳи Арасту, – менависад С. Ятимов, – сифати шахсияти ватанпарвар бо истилоҳи «шаҳрванди накусиришт» номбар мешавад… агар мо ин мавзӯъро таҳқиқ кунем, бояд пешакӣ муайян созем, ки шаҳрванди накукор чӣ гуна сифатҳоро бояд доро бошад».
Аз фаслҳои дигари китоб «Оид ба субъект, объект ва ҳокимияти сиёсӣ» ном дошта, дар он муҳаққиқ таълимоти Арастуро  оид ба хизматчиёни давлатӣ, шахсияти зоҳирӣ ва маънавиёти  онҳо ба тадқиқ гирифта, падидаи мазкурро бо ҷузъиёти он қиёсан омӯхта, ба чунин натиҷа мерасад, ки: «Боиси ифтихор ва қаноатмандии бузург аст, ки чунин талабот ба таълимоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои ниҳоят мураккаби давлатдорӣ ҳаммаъно, аз лиҳози назариявӣ коркардашуда, ҳамчунон, дар амали сиёсӣ собитгашта  мебошад. Ин таҷриба на танҳо аз ҷониби миллати тоҷик, балки аз тарафи бузургтарин абармардони дунё эътироф гардидааст.
Қазовати мазкур комилан муътамад ва саҳеҳ аст, зеро мағз андар мағзи таълимоти Арастуро дар ҳамаи зинаҳои роҳбарии сиёсӣ ақлсолорию хирадмеҳварӣ фароҳам овардааст ва падидаи мазкур дар назарияи миллии сиёсии асримиёнагии тоҷик низ хеле хуб маърифат мешавад.
Фасли охир «Омилҳои ба суботи сохти давлатдорӣ таъсиргузор» фасли интиҳоист ва дар ин қисмат  тақдири давлат ва бақои он нишон дода шуда, алорағми он омилҳои  инҳитоти давлат, нооромиҳову бенизомиҳо ва ҳатто саъйи табаддулоти давлатӣ номбар карда мешавад. Ба соҳибдавлатон ва дӯстдорони ватан ҳушдор медиҳад, ки чӣ бояд кард? Яъне дар ин бахш мутафаккир авомили бақо  ва иллатҳои фанои давлатро басо  мудаллалу мушаххас матраҳ месозад.
Муҳаққиқ ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон, фоҷиаи Афғонистон,  Сурия, Ироқ, Тунис, Яманро қиёсан ба таҳлил гирифта,  дар ин раванд факторҳои биологиро низ шохис месозад, ки ҳатто фарзандон волидайни хешро нест карданд.
Дар мафҳуми васеътари  падидаи мазкур дар фалсафаи иҷтимоӣ  онро аз ҷониби хоҷаҳои хориҷӣ «мағзкушӣ ва мағзкашӣ» низ маърифат кардаанд, ки моҳияти  омӯзишӣ дорад, зеро  ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро дар пай дорад. Моҳияти қазовати фавқ  чунин маънӣ ҳам дорад, ки онро зиракии сиёсӣ  қаламдод  мекунанд. Зеро шахсияти сиёсӣ ба ҳар як кор  аз рӯйи натоиҷи он қазоват мекунад ва хулоса мебарорад.
Дар фуроварди баҳс С. Ятимов «Сиёсат»-и  Арастуро  ҳамчун бузургтарин кашфиёти ин донишманди оламшумул дар соҳаи сиёсат ва давлатдорӣ аз чанд ҷиҳат ибтикор арзёбӣ намуда, дар ёздаҳ бахш ба тариқи фишурдаву   ҷамъбастӣ  онро шохис месозад, ки ба назари мо, беҳтарин ва ҷиддитарин сифати тадқиқоти вай мебошад. Аз  ҷумла, маърифати илмии функсияи давлат, муайян намудани сохти давлатдорӣ, мутамарказии ҳокимияти давлатӣ, моҳияти сиёсӣ доштани инсон, неруи қонунии давлат ва  риояи  ҳатмии қонун,  иҷтиноб аз  авомфиребон, маърифати дифои давлат, зиракии сиёсӣ, афзалият додан ба маорифи кишвар дар сиёсати дохилӣ, ки дар ҳаёти ҳар як соҳибватан ниҳоят муҳим ва ҳатто ногузир маърифат мешавад.
Як нуктаи бағоят қобили таваҷҷуҳро метавон ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки қиёсан баррасӣ намудани ҷанбаҳои назарӣ,  шохис сохтани падидаҳои амалии он ва исботи ҷанбаҳои ҳаёт, аз нахустин иқдоми тадқиқоти пурқимати С. Ятимов дар қаламрави кишвар ва хориҷи мамлакат буда, беҳтарин дастовард дар илми сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ ва муаррифии донишманди  энсиклопедист ва оламшумул – Аристотел мебошад, ки аҳамияти бағоят калони илмию назариявӣ ва амалиро дорост. Ин асари гаронмоя дар асоси методи пешқадами илмӣ – методи  муқоисавӣ - таърихӣ тасниф шуда, муҳимтарин масъала ва муаммоҳои мавриди назар борикбинона ва бо далоили муътамад ва натиҷагириҳои қобили таваҷҷуҳ ҳаллу фасл шудаанд.
Тадқиқоти нави донишманди дақиқназар С. Ятимов «Аристотел: давлат ва сиёсат», ки фарогири муҳимтарин масъала ва проблемаҳои сиёсатшиносӣ ва давлатдорӣ бо назар ба таҷрибаи таърихии гузашта, ҳозира ва чигунагии раванду тамоюлоти минбаъдаи соҳаҳои мазкур мебошад, ба инкишоф, вусъати тафаккури илмӣ ва таҳқиқоти доманадору пурманфиати ҷомеашиносӣ,  асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва дар маҷмӯъ, сиёсатшиносии муосир ба итминони комил такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

А. МАҲМАДАМИНОВ,
М. СОЛЕҲОВ,
устодони ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 1120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед