logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. НОРАСОИИ КАДРҲО БАРТАРАФ МЕШАВАД

Масъалаи тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди соҳа ва бартараф кардани норасоии кормандони соҳаи фарҳангу санъат, осорхонаю китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанг қарор дорад.

Соли 2018 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро 439 донишҷӯ хатм намуд, ки аз ин шумора ба 170 нафар барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ роҳхат дода шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи театр 33 ва ба осорхонаҳо 17 нафар мутахассиси ҷавон, ба кор фиристода шуд. Ҳамзамон, факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносиро 74 ва шуъбаи менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангиро 23 нафар корманди соҳа ғоибона хатм намуда, сафи кормандони дорои таҳсилоти олии касбиро афзуданд. Нафарони боқимонда аз рӯи ихтисос ба ҷойҳои корӣ роҳхат гирифтанд. Соли 2019 ДДФСТ ба номи М. Турсунзодаро тариқи рӯзона 399 ва ғоибона 166 нафар хатм намуд. Ин нишон медиҳад, ки ҳамасола теъдоди мутахассисон меафзояд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро дар соли 2018 - ум 131 нафар хатм намуда, 66 нафар дар соҳаи фарҳанг, маориф ва иқтисодиёт ба кор сафарбар шуд. Соли 2019 бошад, муассисаро 229 нафар хатм намуд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро соли 2018 - ум 55 нафар хатм намуда, барои соҳаи опера 9 нафар, оркестри симфонӣ 3 нафар, Филармонияи давлатӣ 9 нафар, Кумитаи телевизион ва радио 5 нафар, муассисаҳои таълимӣ 5 нафар мутахассисро омода намуд. Соли 2019 муассисаро 67 нафар хатм кард.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро соли 2018 - ум 593 нафар хатм намуда, 149 нафар ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифт, 110 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуд. 310 нафар шуъбаҳои ғоибонаро хатм намуда, сафи кадрҳои дорои таҳсилоти миёнаи касбиро зиёд намуд. Дар соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 635 нафар, аз ҷумла 303 нафар, ғоибона хатм кард.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 қабул гардид, ки он самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар омода намудани кадрҳои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр муайян намуда, ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон шароити зарурӣ фароҳам меорад.

М. ДАВЛАТЗОДА, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2019    №: 219    Мутолиа карданд: 1565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед