logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

21 ноябр дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои дастгоҳ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони судҳо ва судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Ҳадафи баргузории мулоқот таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа, ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва, умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Тибқи ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи судҳои ҳакамӣ” аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва, дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар фаъолияти кории судҳо дар баъзан маврид риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳои судӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар сабаби ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯ набудани сифати таҳияи санадҳои судӣ, онҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми даҳ сол бинобар сабаби бемасъулиятӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ, ба ҷиноят даст задани баъзе судяҳо, 25 нафар бо ҳукми Суди Олӣ маҳкум шуд. Дар ин давра, ҳамчунин, 16 нафар корманди дастгоҳҳои судҳо барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардид.
Фаъолияти нокифояи судӣ дар аксар маврид боиси норозигии шаҳрвандон гашта, онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти болоӣ бо арзу шикоят муроҷиат менамоянд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ гузориши Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода шунида шуд.  
Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти мақомоти судӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, сари вақт, босифат ва тибқи талаботи қонунгузории кишвар таҳия кардани санадҳо, ба роҳбарияти Суди Олӣ ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2019    №: 220    Мутолиа карданд: 6711
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед