logo

ҳуқуқ

КӮШОНИЁН. ЧАНД ҶИНОЯТИ ЯК ДИРЕКТОРИ МАКТАБ

Суди ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Наҷмиддин Гулахмедов, собиқ директори яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия, бо чанд ҷурм ҷазои ҷарима таъйин карда, ӯро то ду сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум кард. 
Дар ҷараёни санҷиши прокуратураи ноҳия оид ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 - и ноҳия ошкор шуд, ки Наҷмиддин Гулахмедов тӯли панҷ соли сарварӣ дар он ҷо ҷиноятҳои суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ ва азонихудкунии маблағҳоро содир кардааст.
Чунончи, ӯ аз шаҳрванд Раҳмуддин Ашӯров барои истифодаи замини ёрирасони муассиса ҳар сол (аз соли 2014 то 2018) ду ҳазор сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст. Ҳамчунин, аз 18 феврали соли 2014 то сентябри соли 2018 мудири хоҷагӣ Шерафкан Валиевро дар ҳама ҳуҷҷатҳо дар ҷойи кор ҳозир нишон дода, ба корти пластикии ӯ 22 ҳазору 999 сомонӣ музди маош гузарондааст. Ин дар ҳолест, ки Шерафкан дар давраҳои зикршуда ба муассиса тамоман наомада, ба ҷойи ӯ падараш Юсуф Валиев корҳои хоҷагидориро иҷро мекардааст. Номбурда айнан бо ҳамин усул тибқи маслиҳати пешакӣ бо Юсуф Валиев, Умаралӣ Валиевро низ аз 1 марти соли 2014 то 25 сентябри соли 2018 ба вазифаи коргари корҳои гуногун ба кор қабул карда, ба корти ӯ дар маҷмӯъ 12 ҳазору 209 сомонӣ музди маош гузарондааст. Умаралӣ ҳам тӯли ин солҳо ба ҷойи кор ҳозир нашудааст.
Н. Гулахмедов моҳҳои октябри соли 2015 - ум 550 сомонӣ,  соли 2016 - ум 4 ҳазору 889 сомонӣ, соли 2017 - ум 2 ҳазору 245 сомонӣ маблағҳои аз буҷети давлат барои харидории масолеҳи сохтмонӣ ва таъмири муассиса ҷудошударо, ки дар ихтиёри ӯ қарор доштанд,  аз они худ кардааст.
Аз маблағҳои моҳонаи хонандагон ҳам дар солҳои таҳсили 2016 - 2018 ҷамъ 7 ҳазору 180 сомониро ба манфиати шахсиаш хароҷот намудааст.
Моҳҳои март - апрели соли 2018 аз падару модари ҳар як толибилм бо баҳонаи таъмири муассиса 35 сомонӣ гирифта, аз 7 ҳазору 445 сомонӣ маблағи ҷамъшуда 3 ҳазорашро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Суд Н. Гулахмедовро дар асоси моддаҳои 245, қисми 2, бандҳои “а, б, г”, 314, қисми 1 ва 323 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 - и ҳамин кодекс ба ӯ ҷазои ниҳоӣ, яъне ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ду сол маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъйин кард.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2019    №: 221    Мутолиа карданд: 2833
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед