logo

сиёсат

ПЕШВОИ МАРДУМСОЛОР

Пас аз ҳазор сол таърих барои мардуми тоҷик имкон дод, ки соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардад. Дар айёми навсозӣ, ки хатари парокандагӣ ва нестшавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, анҷумани тақдирсозе доир шуд ва Сарвари хирадсолореро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсӣ овард, ки бо ҷасорати фавқулода бузург ин хатарҳоро аз миён бардошт. Манзур Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба симати Раиси Шӯрои Олӣ роҳи минбаъдаи моро мунаввар сохт.

Зарур аст, ёдовар шавем, ки нахустин суханони Сарвари давлат дар ҳамон айёми худсӯзиҳо «Ман ба шумо сулҳ меорам…» буд ва он имрӯз пурра амалӣ шуда, сулҳу ваҳдати мо дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат пойдору қавитар мегардад. Ин неъмат, яъне сулҳу ваҳдат дар ҷаҳони пуртазоди муосир ҳамоно арзиши бештар касб мекунад ва моро дар баробари низоъҳои давомдору миллаткуши кишварҳои Ховари Миёна ҳушдор медиҳад, ки ба қадри он бирасем ва сиёсати ҷомеасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем.
Таърихи баъдина нишон дод, ки дар партави корнамоиҳои беназири Пешвои миллат Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба рушду тараққӣ  табдил ёфта, бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мақоми шоиста касб намуд. Ба шарофати сулҳу суботи комил таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба кишвари соҳибистиқлоли мо бештар гардид. Сармоягузориҳои хориҷӣ низ ба иқтисодиёти мамлакат афзуд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори башардӯстеро дарёфтааст, ки на танҳо барои рифоҳи зиндагии халқи худ, балки тамоми ҷаҳон меандешад. Мисоли равшани ин ҳақиқатро метавон дар ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат вобаста ба масоили об дар ҷаҳон шинохт, ки инак, кишварҳои олам дар пайи татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” қарор гирифтаанд.
Барҳақ, дар робита ба иқдомоти ҷаҳонии Сарвари давлати мо вобаста ба таъмини дастрасии аҳли башар ба оби тоза имрӯзҳо кишвари моро ҳамчун маркази дипломатияи об дар ҷаҳон мешиносанд, ки боиси ифтихору арҷгузорист. Ҳамин иқдомоти башардӯстона аст, ки ҳоло ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо, тоҷикону форсизабонони олам, балки қавму миллатҳои зиёди сайёра эҳтиром мегузоранд ва ҳамчун Пешвои ҳақиқиву мардумсолор мешиносанд. 
Қобили зикр аст, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Тантанаҳои ҷашни имсолаи Рӯзи Президент ишора ба он доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ин санаро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ истиқбол намуда, институти Президентиро дар ташаккули давлатдории миллӣ, дорои нақши муҳим пазируфтанд. Бояд гуфт, ки ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994, ки ҳамчун рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки азизу гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн ба хидматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон ва шуҳрати бесобиқа касб кардани он дар арсаи ҷаҳон асос мегирад. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳе, ки бо садоқат ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат дорад, яқин аст, ки ӯ ба давлату миллати хеш низ содиқ аст. 

Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 928
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед