logo

фарҳанг

ҚАСРИ АРБОБ. БОРГОҲЕ, КИ БА ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ АСОС ГУЗОШТ

Ҳар гаҳ сухан дар бораи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, беихтиёр  қасри муҳташами Арбоб пеши назар ҷилвагар мешавад. Зеро дар он 27 сол муқаддам рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ омада буд, ки бемуболиға барои ҳаёти ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол ва сокинонаш тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Ба ин қасри бахтовар дар баробари дурдонаи санъати меъморию тасвирӣ буданаш, ҳамчун макони тавлидгоҳи ваҳдати миллӣ ва ё поягузори иттиҳоди миллат арҷ гузошта мешавад. Зеро дар он интихоби дурусте сурат гирифт, ки саҳифаҳои ҳанӯз норӯшани халқи моро мунаввар сохт.
Имрӯз ин кохи бегазанд ба ёдгории бебаҳои даврон ва маркази фарҳангӣ – меъморӣ табдил ёфтааст. Меҳмононе, ки ба маркази вилояти Суғд меоянд, ҳатман аз ин ҷо дидан мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъд аз таъмиру тармими қаср дар соли 2012 ва бунёди чойхонаи барҳавои миллӣ, меҳмонхона, биноҳои муосиру фаввораҳо дар майдони он ҷозибаи дигаре ба худ касб кард. Аз тарафи чапи қаср дар оғӯши гулу буттаҳои ҳамешасабз оромгоҳ ва нимпайкараи раиси овозадор, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва бунёдгузори ин кохи саодатовар Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев воқеъ аст. Воқеан, ошноӣ бо мақбараи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, роҳраву толорҳои барҳавои бо санъати баланди меъморӣ ороёфта, моро ба андешаю ифтихор аз гузашта водор месозад.
Абдумузаффар Иномов, директори Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб», дар суҳбате бо мо иброз дошт, ки давоми соли равон аз қаср наздики 12 ҳазор кас дидан кард, ки 1041 нафари он сайёҳи хориҷӣ буд. Қисми зиёди сайёҳон аз кишварҳои Аврупо ва Амрико ба ин даргоҳи муқаддас омадаанд. Ва ин худ, як навъ татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди сайёҳӣ дар кишвар аст. Ташрифи меҳмонони зиёди дохилию хориҷӣ ба ин ҷо, бешубҳа, ба макони баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ аст, ки онро ҳамчун ҷойи таърихӣ сабти ном кард.
Тавре ҳамагон медонем, маҳз дар толори Қасри Арбоб дар айёми мушкили даргириҳо ва талошҳои дохилӣ фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ (Сарвари давлат)   интихоб шуда, ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва муҳимтар аз ҳама эътидоли вазъи сиёсиву иҷтимоӣ асос гузоштанд. Маҳз дар ҳамин қаср низоми давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ муаяйн гардид. Рамзҳои давлатӣ  - Парчам ва Нишони давлатӣ  қабул ва тасдиқ шуданд.
Ин макони муқаддас дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик нақши мондагор дорад. Агар ба таърихи сохта шудани қаср назар кунем, мебинем, ки онро баъди муттаҳид намудани собиқ колхозҳои Молотову Ворошилов соли 1957 бунёд карданд. Қасри мазкур дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, макони муттаҳидшавии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 729
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед