logo

иқтисод

ДОРУСОЗӢ. СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

Тайи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои нави тиббии дорои таҷҳизоти муосир бунёд ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардидааст. Аммо бештари беморхонаҳо аз доруворӣ ва маводи дармонбахши босифат ҳанӯз ҳам танқисӣ мекашанд. Бо ин сабаб, қариб 65 дарсади харҷи соҳаи тандурустӣ ба сарфи маблағҳои худи беморон дар раванди ташхису табобат,  махсусан барои хариди дору,  марбут аст.
Ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим пайваста зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат, аз ҷумла зимни Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ҳалли масоили вобаста ба тандурустии аҳолӣ, хусусан норасоии доруворӣ, сифати пасти он ва рушд накардани саноати дорусозӣ бо нигаронӣ изҳори андеша намуда, ба мақомоти дахлдори соҳа барои рафъи мушкилот супоришҳои мушаххас доданд.
Султон Бекмуродзода, сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт, ки ҳоло кӯшишҳои давлату Ҳукумат дар роҳи беҳбудӣ бахшидани вазъи тандурустии аҳолӣ ба коҳиш додани хароҷоти аҳолӣ ҷиҳати дастрасӣ ба дору равона шудааст.   - Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 30 коргоҳу корхонаҳои дорусозӣ ба истеҳсоли 250 номгӯи дору ва молҳои таъйиноти тиббӣ машғул аст. Бо вуҷуди ин дар дорухонаҳо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ кам ба назар мерасад. Бештари доруҳо воридотианд. Корхонаю коргоҳҳои  истеҳсолӣ  иқтидори пурра таъмин кардани талаботи бозори истеъмолии ватаниро бо дору надоранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ наздики 20 миллион сомонӣ мерасад, ки дар қиёс бо маблағи ҳаҷми воридот – беш аз  270 миллион сомонӣ ба маротиб кам аст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъ гиёҳи шифобахш, садҳо кони маъдану обҳои табобатӣ ҳамчун манбаи ашёи хоми истеҳсоли дору мавҷуданд.
- Хадамот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳама тадбирҳои заруриро андешида, ба онҳо шароити беҳтари фаъолиятро фароҳам овардааст. Дар ин ҷода иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат аз соли 2018 барои  аз андози аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти технологияи нав барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат ба рушди соҳа замина гузошт. Ба ин васила баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои нав имконпазир гардид. Соҳибкорон аз ин шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат босамар истифода намуда, мувофиқи талаботи бозори истеъмолӣ  имконияту иқтидори худро вусъат мебахшанд, - гуфт С. Бекмуродзода.
Ба гуфтаи  Маҳмадалӣ Давлатов, сардори сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот, соҳаи дорусозии мамлакат ба нақша ё низоми муайяни коркарду истеҳсоли дору ниёз дорад.
- Тариқи роҳандозӣ кардани нақшаи мушаххаси дорусозӣ монеаҳои мавҷуда базудӣ бартараф ва натиҷаҳои кор бештар мегарданд.  Барои пешрафти соҳа барқарор кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ва дорухонаҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  зарур аст. Аз ҷумла, дар заминаи озмоишгоҳҳои тиббии мавҷуда бунёд кардани озмоишгоҳи истеҳсолии маводи синтезӣ ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли дору аз қадамҳои аввалин аст. Дар ин маврид ҳамкории зичи дорушиносҳо ва дорусозҳо нақши муҳим мебозад. Пурзӯр кардани ташхису таҳқиқи сифат ва кафолат додан ба бехатарии дору метавонад воридоти доруи бесифатро коҳиш диҳад, - гуфт ӯ.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед