logo

номаҳо

ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ Ё ҲАҚ БА ҶОНИБИ КИСТ?

Мо соли 1993 аз Мария Безродная дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 5 “а”, ҳуҷраи 10 манзили истиқоматиро харидем, ки он тавассути шартномаи харидуфурӯш байни Мария Безродная ва Олимшо Ҳазараев дар идораи нотариалии давлатии №1 - и шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шудааст. Баъдан, соли 2006 шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматии мазкур байни мо - Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев бо шоҳидии Бархвалишо Ҳазараев дар Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ гардонда шуд.
Вале, ахиран ин манзили истиқоматӣ соҳиби дигаре бо номи Диловаршо Ҳазараев пайдо кард ва масъала ба баҳсҳои давомдори судӣ печид. Дар ҳоле, ки дар ҳеҷ як санади расмии харидуфурӯши манзили истиқоматӣ номи ин нафар зикр нашудааст, ӯ бо даъвои соҳибмулкӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансур аризаи даъвогӣ бо ҷавобгарии мо - Олимшо Ҳазараев, Шодмон Ҳазараев ва шахси сеюм Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ҳоле ки аз миён 23 сол гузаштааст, моҳи январи соли 2016 бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Диловаршо Ҳазараев бо ҷавобгарии мо дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво ва беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз соли 1993 ва соли 2006 қонеъ гардид. Дар ниҳоят шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ дар суроғаи зикршуда байни Мария Безродная ва Олимшо Ҳазараев аз соли 1993, ҳамчунин, шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматии мазкур байни мо - Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев аз соли 2006 ба расмият дароварда шудааст, беэътибор дониста шуд.
Мо бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур розӣ нашуда, аз болои он ба тариқи кассатсионӣ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе шикоят пешниҳод намудем. Мутаассифона, бо сабабҳои ба мо номаълум шикояти мо беқаноат ва ҳалномаи суд бетағйир боқӣ монд. Сипас, аз болои ҳалномаи суд ба марҳилаи назоратии Суди Олӣ шикоят намудем. Суди Олӣ ҳолати ғайриқонунӣ қабул гардидани ҳалномаро муайян намуда, бинобар бо таври ҷиддӣ вайрон намудани талаботи қонуни мурофиавии гражданӣ қабул гардидани ҳалнома, онро бекор намуда, парвандаро барои баррасии нав ба суди ноҳияи Шоҳмансур фиристод.
Ин ҷо суоли матраҳ ин аст, ки судя дар кадом асос бо гузашти зиёда аз 23 сол муҳлати гузарондаи даъвои Д. Ҳазараевро барқарор намуда, бо ҳалномаи суд аз ноябри соли 2018 даъвои ӯро дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво ва беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯши манзили истиқоматӣ ва басташуда эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ қонеъ намуд. Ба ин тартиб, шартномаи харидуфрӯш байни Мария Безродная ва Диловаршо Ҳазараев, басташуда эътироф шуд.
Мо такроран аз болои ин ҳалнома ба зинаҳои болоии суд муроҷиат кардем. Вале ин бор ҳам аз ҷониби суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии мо беқаноат мононда шуд ва Суди Олӣ ҳам онро рад кард.
Бовар дорем, ки масъулон арзи моро аз минбари рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда, бори дигар санадҳои судии дар боло зикршударо мавриди баҳогузории одилона ва ҳаматарафа қарор дода, вобаста ба ин баҳс қарори асоснок қабул карда мешавад.

Олимшо ҲАЗАРАЕВ, 
Шодмон ҲАЗАРАЕВ,
сокинони шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 -223    Мутолиа карданд: 4341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед