фарҳанг
МУҲАММАД ҒОИБ САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов қадр гардид. Ӯ дар ҳоле аз ин паёми фараҳбахш огоҳ шуд, ки ҳамчун аъзои ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳузур дошт.
- Устоди азиз, медонем, ки ба ҷуз аз навиштани шеърҳои баландғояву пурмуҳтаво, асарҳои саҳнавӣ, қиссаву ҳикояҳои пурмазмун, инчунин, филмномаҳо низ иншо мекунед. Паёми хушро чӣ гуна пазируфтед?
- Албатта, хуб ва бо шодмонӣ. Яке аз дӯстонам, ки табиб аст, занг зада, ба ман гуфт, ки дар шабакаи аввал соҳибҷоиза шуданатро эълон карда истодаанд. Бо каме нобоварӣ, ки шояд лутфи ошноён бошад, ба сомонаҳои ВАО ворид шудам. Пас аз он зангҳои телефонӣ лаҳзае маро ором нагузоштанд.
- Дар ҷавоб Шумо чӣ мегуфтед?
- Барои шоир муҳимтарину муқаддастарин ҷоиза эътирофи мардум ва дар коғаз боқӣ мондани осори ӯст. Кош ин ҷоизаҳо ба шеърҳои мо умри ҷовидона бахшида метавонистанд. Дар олам кам нестанд касоне, ки соҳиби ҷоизаву унвонҳо шудаанд, аммо имрӯз осорашонро камтар касон мехонанду медонанд. Ҷоизадорон Рӯдакиву Хайёму Бедилу Соиб буданд, ки номашон дар дилҳо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст. Банда вақте унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифтам, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро низ соҳиб шудам, миёнамро боз ҳам маҳкамтар бастам, ки ранҷу машаққати зиёди эҷодӣ дар пеш аст.
- Аксари мухлисон донистанианд, ки Шумо ин ҷоизаро бештар барои кадом хидматҳоятон сазовор шудаед?
- Дар ҳама бахшҳои санъату адабиёт худро санҷидаам. Дар силсилафилми «Дар чашми бод» нақши сафири шӯравиро бозидаам, солҳои 90 - уми асри сипаришуда китоби бачагонаи ман - «Савғо» бо забони русӣ 30 ҳазор нусха нашр шуд. Шеърҳоям дар ҷаридаи «Молодая гвардия», ки аз маъруфтарин нашрияҳои давр буд, дар баробари 5 шоири машҳури шӯравӣ интишор ёфтанд, ашъорам бо хати форсӣ дар Эрону Афғонистон низ чоп шуд ва тоҷикони бурунмарзӣ бо иқдоми хеш китоби маро бо номи «Ганҷи обоварда» ба табъ расонданд. Чанд драмаи маро дар саҳнаҳои Эрон ва Ироқ намоиш доданд. Зиёда аз сесад шеърам суруд шуда, дар хазинаи тиллоии садову симост. 150 шеърам ба мавзӯи Ватан бахшида шудааст, аммо васфи ин сарзаминро гӯё заррае ҳам нагуфтаам.
- Воқеан, аҷиб. Дар бораи ҳунарманди кино буданатон бори аввал мешунавем…
- Дар силсилафилми «Дар чашми бод» ҳамроҳи Ҳабибулло Абдураззоқов, Қурбони Собир ва ҳунармандони миллатҳои дигар нақш офаридаам. Филмноманависӣ аз шавқи беандозаам ба олами синамо шурӯъ мешавад. Лаззати ҳунарнамоиро чашидаам, ки менависам.
- Пеш аз Шумо Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро кӣ дарёфт карда буд?
- Ҷоиза соли 2012 таъсис ёфтааст. Пеш аз ман шоири шаҳири қазоқ, шахсияти барҷаста Олҷас Сулаймонов гирифта будааст. Боварам бар он афзуд, ки адабиёт ҳоло ҳам аз неруҳои муҳимтарин ҷиҳати тарбияи банӣ башар аст. Сухани созанда дер ё зуд роҳи худро меёбад, танҳо сидқу ихлос ва заҳмати шабонарӯзиро дареғ набояд дошт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Ёддошт: Тавре ки «Ҷумҳурият» хабар дода буд, ҷоизаи бонуфузи шоирро дар доираи ҷаласаи 50 – уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки рӯзҳои 21 - 22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт - Петербург гузашт, аз номи аҳли зиёи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев пазируфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2019 №: 224 Мутолиа карданд: 1018