logo

иқтисод

50 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР 10 МОҲ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дар шаҳраки Москва бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маркази хизматрасонии «Омина», дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло майдончаи варзишии футболи хурд, нуқтаи шустушӯйи мошин ва дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дорухона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бинои замонавии дуошёнаи КИ ҲХДТ дар ноҳия, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дорои шаш дафтари корӣ мебошад. Ҳамчунин, аз ҳисоби ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ба кормандони кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия мошини сабукрави хизматӣ тақдим гардид.
Маркази хизматрасонии «Омина» бо шароити муосир бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хушнуд Чиллаев қомат афрохта, 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Марказ дуошёна буда, дорои мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, нуқтаи хизматрасонии филиали БДА «Амонатбонк», толори арӯсӣ, кошонаи ҳусн ва дандонпизишкӣ мебошад. 
Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳоди Абдуназар майдончаи варзиш барои футболи хурд бо сатҳу сифати баланд сохта шуд, ки маблағи он беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил дод. Машраб Сафаров соҳибкори маҳаллӣ нуқтаи шустушӯйи мошинро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ ифтитоҳ намуд.
Ҳамин тавр, соҳибкорон Муҳаммадҷон Ҷӯрахонов дорухонаи замонавӣ ва Раҷабалӣ Эмомов маркази савдо, дорухона сохта, ба истифода доданд.
Баробари ин, мумфаршкунии 6,8 километр роҳҳои мошингарди дохили деҳаи Гулободи деҳоти Меҳнатобод ба анҷом расид.
Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, иброз дошт, ки дар ноҳия бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти  замонавӣ мавриди баҳрабадорӣ қарор гирифт ва хурсандии сокинони ноҳия ҳадду канор надорад.
Дар зарфи даҳ моҳи соли равон дар ноҳия 50 иншоот  қомат афрохт, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 196 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад.

Кароматулло АТО,
Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 2208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед