сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚИРҒИЗИСТОН
27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон - Бишкек сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкалӣ Абилгазиев истиқбол гирифт.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбэков
27 ноябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масъалаи тацвсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аҳамияти махсус медиҳад.
Зимни мулоқот ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2019 №: 225 Мутолиа карданд: 3820