logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

20 ноябр ба қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Азим Иброҳим, муовини Сарвазир ва, ҳамзамон, раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатӣ, ҳамкорону шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятию кӯдакону наврасон, Саммити миллии кӯдакон доир гардид.
Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ- Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд, ки аз ҷониби 196 давлат эътироф шуд.
Мақсади таҷлили ин рӯз ҷалб намудани диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад. Конвенсия ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил, сатҳи муносиби зиндагӣ таъмин намуда, онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз ҳифз менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шумурда, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонд. Тоҷикистон дар он солҳо ҳодисаҳои мудҳишро аз сар гузаронд. Вале, қатъи назар аз ин, ҳуқуқи кӯдаконро дар мадди аввал гузошта, конвенсияро қабул намуд ва тӯли 26 сол дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Ҳар 5 сол Ҳукумати Тоҷикистон оид ба уҳдадории худ вобаста ба конвенсия ба Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот пешниҳод месозад. Имсол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ Барномаи ягонаи миллии кӯдаконро барои солҳои 2020 - 2030 пешниҳод намуданд. Ин барнома ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба уҳдадориҳои давлатӣ ба кӯдакон дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар бар гирифта, гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар аҳди худ қавист.
Мутахассисон, ҳамчунин, ҷузъиёти молиявии татбиқшавии барномаро ба шарикони рушд, намояндагони давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод намуданд. Таҳлили мутахассисон нишон медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои худ дар чаҳорчӯбаи барнома хароҷоти 234 миллиард сомониро ба нақша гирифтааст. Ин хароҷот метавонад аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, дастгирии шарикони рушд ва маблағгузории инноватсионӣ бошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Аз ҷумла, дар моддаи 34 - и қонуни асосӣ омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.
Ш. ШАРИФОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2019    №: 225    Мутолиа карданд: 918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед