logo

фарҳанг

ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ СИР

Он рӯз базми зебои сухан буд. Базми сухани шево, равон, фаҳмо ва ҷаззоби кӯдаки тоҷик, сухане, ки ба тароват шеър асту барои кӯдакон эҷод гашта.
Он рӯз шодмонӣ буду тантанаи қадри сухан, фараҳмандӣ буду ифтихор. Ифтихор аз истиқлолият, неру ва тавоноии Тоҷикистони биҳиштмаъвои мо, ки барои насли фардои хеш ҳадяи пурбаҳо эҳдо намуда буд.
Ин ҳадя зиёда аз 300 шеъри беҳтарин барои хурдсолони тоҷик буд, ки озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - и таъсисдодаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба самар овард. Беш аз 100 нафар иштирокчии озмун онро эҷод кардаву ғолибонаш дар соҳили дарёи Сир соҳиби дипломҳо ва туҳфаҳои қиматбаҳо гаштанд.
Ин озмунро дастгирӣ намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рамзе буд ғамхорӣ ба савод ва фарҳанги насли ҷавон, намое буд бозгӯи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки кӯдакони тоҷикро бо эътимоди том фардои миллат, фардои Тоҷикистони шукуфо донистааст.
Ҳамчунин, аз такопӯй ва ташвишҳои фараҳноки сардабири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода аён буд, ки ташкили чунин як озмуни бонуфуз,  дар таърихи истиқлолияти тоҷик бори нахуст оғоз гашту ба анҷумани шеъри кӯдак табдил ёфт, кори саҳлу сода набуд. Бартарии озмун дар иштироки фаъолонаи хурду калон зоҳир гашт. Шоирони касбӣ ҳам шеърҳои нави худро пешкаш намуданду хонандагон, одамони касбу кори гуногун ҳам. Мақсади асосӣ, ки озмун ба он муваффақ гашт, дарёфти шеъри нав, шеъри хуб, шеъри беҳтарини бачагона буд.
Ҳар иқдоми нек ниҳоли сабзу навбарро мемонад, ки боғҳои зебо ва босамар дар домон дорад. Озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ҳам боғҳои шукуфо ва хушрангу хушмеваи фарҳанги тоҷикро ба ҳусну шамими тоза ба бар хоҳад овард. Зеро дӯстдори Ватан нахуст дӯстдори сухан, адаб ва забону фарҳанги миллат аст. Кӯдакони босавод бошанд, шаҳсутуни ин миллатанд.

ЛАТОФАТ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 1472
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед