logo

фарҳанг

ХОНИ МАЪНАВИИ "ҶУМҲУРИЯТ" КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ЭҶОДКОРРО БА ҲАМ ОВАРД

Гузориш аз маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин шеъри бачагона"

Агар рӯзномаи «Ҷумҳурият» тавассути баргузории шашумин озмуни ҷумҳуриявии худ хотираи Бобоҷон Ғафуров ва хидматҳои дигар фарзонафарзандони миллатро дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода бошад, ин бор гирди хони маънавии хеш кӯдакону наврасони эҷодкор ва шоирони кӯдакхисолро гирд оварда, дар Хуҷандшаҳри бостонӣ иди саиди тифлона баргузор намуд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - ро роҳандозӣ кард.
Як солу шаш моҳ аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ шеърҳо, номаҳо, шодбошиҳо мерасиданд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз сесад шеър аз сад муаллиф ба унвони идораи рӯзнома расид ва беҳтаринҳои он дар саҳифаҳои нашрия мунъакис шуданд.
Иштироки мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, шоирони халқӣ Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Фарзона, Озарахш дар ҷамъбаст шукӯҳи озмунро бамаротиб афзуда, шеъри бачагона, ки анқариб ба боди фаромӯшӣ рафта буд, дубора танинандоз шуд.

ПАЗИРОӢ АЗ ОЗМУН
Фарқи куллии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» аз озмунҳои гузашта боз ҳам дар он буд, ки дар ҷараёни он аллакай матолибу номаҳои зиёд ба унвони рӯзнома расиданд. Бавижа, омӯзгорон ва олимони адабиётшинос аз оғоз суду самараи чорабинии мазкурро бо хушбинӣ пешгӯӣ мекарданд.
Агар дар озмунҳои қаблӣ пас аз ҷамъбаст ва натиҷагирӣ иштирокчиён ва ҳакамон мулоҳизаву андешаҳои худро дар шакли мақола нависанд, дар ин озмун тарафдориву пазироии хонанда якҷо бо чопи шеърҳои озмунӣ сурат гирифта, боиси қаноатмандиву фараҳмандӣ мешуданд.
Ин ҳама далели он аст, ки мавзӯи баргузидаи «Ҷумҳурият» аз муҳимтарин масоили адабиёти имрӯзи мост.

ТАШВИШҲОИ ХУШҲОЛКУНАНДА
Албатта, баргузории чунин озмуни бошукӯҳ ташвишу давутозҳои худро дорад. Нашри шеърҳо бо таҳриру такмилу иловаҳо, ҷалби эҷодкорони кишвар, тарғиби дуруст аз моҳияти озмун, ба ҳар як муаллифи навкор, ки бештарашон аз гӯшаву канори дурдасти кишваранд, фаҳмондани нуқсу камоли чакомаҳояшон, агар оғози кор бошад, минбаъд, сарҷамъ кардани ҳакамони заррабину хушқареҳа, ангушти муқоиса гузоштан болои шеърҳои сараву носара, муайян намудани пирӯзшудагон, ҷоизадорон ва таҳияи туҳфаҳову ҷоизапулиҳо, дипломҳо, ҷомҳои махсус паҳлӯи дигари баргузории озмунро ташкил дод.
Дар ин ҳолат низ ҳайати эҷодии рӯзнома, бавижа фаъолони шуъбаи фарҳанг, раёсати молия ва хоҷагидории нашрия бо раҳнамоии роҳбарияти «Ҷумҳурият» аз адолату ҳисси башардӯстӣ кор гирифтанд. Нагузоштанд, ки муҳимтарин ва фаъолтарин чеҳраҳои озмун, новобаста аз синну сол, бемукофот ва ҳавасмандӣ бимонанд. Аз ин хотир, панҷ нафар ба ҷойҳои I, II, III сазовор шуда бошанд, ду иштирокчӣ бо ҷоизаҳои вижаи муассисон ва 13 кас бо мукофотпулӣ, туҳфаҳо ва «Ифтихорнома» - ҳо ҳавасманд гардонда шуданд.
Ростӣ, баъди дидани маҳсули ранҷҳои камтарона, чеҳраҳои болидаву шукуфтаи иштирокчиён, суханони қаноатмандонаи меҳмонони арҷманд бо шодмонӣ ба худ гуфтем: «Чунин ташвишҳо бештар бошанд».

СУХАН АЗ ЗАБОНИ ЛУҚМОН ХУШ АСТ…
Беҳуда мардум намегӯяд: «Сухан аз забони Луқмон хуш аст». Биёед, бо фикру андешаҳо ва бардоштҳои иштирокчиён, ҳакамон ва меҳмонони озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ошно шавем.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ: «Чунин озмунҳои муфид аз як тараф барои кашфи истеъдодҳо ва рушди адабиёт мусоидат намоянд, аз тарафи дигар чанд ҷиҳати мусбату сутуданӣ доранд, ки инҳоянд: таҳким ёфтани дӯстии мардумони манотиқи гуногуни кишвар, бо хонанда рӯ ба рӯ кардани муаллифони фаъоли нашрияи бонуфузи «Ҷумҳурият», бо мухлисони ростини адабиёт, вохӯрондани адибон, сайру сайҳат ва ошноӣ ба гӯшаҳои камдидаи диёрамон».
Гирандаи ҷои аввали озмун Ҷумъагули Назар аз шаҳри Ваҳдат: «Барои ман сазовор шудан  ба ин ҷоизаи баланд ғайриинтизор буд. Бароям  ҳатто нашри шеърҳоям дар «Ҷумҳурият» кофӣ буд, аммо ин лутфу марҳамат воқеан маро сарфароз гардонд. Бовар дорам, ки ҷоиза ва ишғоли ҷои аввал масъулияти адабиву инсонии маро меафзояд ва ба корҳои бештари эҷодӣ такон мешавад».
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Бо баргузории ин озмун «Ҷумҳурият» бори дигар собит кард, ки он танҳо ба ном ва мавқеи сиёсиву расмӣ ҷаридаи рақами аввали ҷумҳурӣ нест, балки амалан низ пешбарандаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – муассиси худ мебошад».
Сазовори ҷои дувуми озмун Султонмурод Ҳоҷибоев аз шаҳри Истаравшан: «Солам аз ҳаштод гузаштааст. Як умр қаламфарсоӣ кардам, дар нашрияҳои гуногун кор кардам, аммо чунин пирӯзиву ҷоизаи баланд, ҷоми вижаро бори аввал мегирам. Эътимодам афзуд, ки «Ҷумҳурият» дар меҳвари адолат фаъолият мекунад ва дурдонаҳоро аз ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ меоварад. Махсусан, барои ман дидани наврасони эҷодкору тозакашфшудаи озмун бениҳоят писанд омад».
Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёти кӯдакона Ҷӯра Ҳошимӣ, гирандаи Ҷоизаи махсуси муассисон: «Дар кишвар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён дорад, озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҷамъбаст шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият» давоми мантиқии он аст. Аммо агар ба таърихи ташкили озмунҳои нашрия бингарем, маълум мешавад, эҷодкорони он аллакай таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баландро доранд. Ҷиддият, муносибати ҳалимона, тарҳи дурусти сайру сафар, шеърхониву суханрониҳо ҳама ба рӯзномаи рақами 1 будани «Ҷумҳурият» ишора мекунанд».
Барандаи ҷои севуми озмун Шукронаи Тоҳир, хонандаи литсей аз шаҳри Душанбе: «Нахуст намедонистам, ки сатҳи озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ин қадар баланд аст. Чоп шудани шеърҳои ман дар радифи ашъори устодони адабиёт, ки бо қироати шеърҳои онҳо бузург шудаем, ба монанди Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Юсуфҷон Аҳмадзода худ ифтихори бузург буд. Боз сазовор шудан ба ҷои сеюм масъулияти маро даҳчанд мекунад. Ҳис кардам, ки кормандони хайрхоҳи нашрияи «Ҷумҳурият» махсус мо барин наврасону тоза ба олами эҷод воридшударо дастгирӣ менамояд, ки роҳи фардомон ҳамвору рӯшан бошад».
Шоири халқи Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш: «Дар ин озмуни бошукӯҳ пайванд шудани занҷираи тиллоии гусасташудаи адибони адабиёти бачагонаро дидам. Ба ҷону дил шод шудам, ки гӯяндагони «Олуча гули бодом» устод Убайд Раҷаб, «Ман калон мешавам» устод Мирсаид Миршакар дар симои ин иштирокчиёни озмун зинда мешаванд. Аслан, олами кӯдакӣ олами софу мубаррову зебост. Адибонаш ҳам кӯдакхисолу поктианатанд».
Иштирокчии фаъоли озмун Латофат Кенҷаева: «Ибтикори пур аз савоби «Ҷумҳурият» ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсири мусбаташро барои ояндаҳо ҳам мегузорад. Барои бештари нашрия ва иттиҳодияҳои эҷодиву адабӣ сабақ ва намуна мешавад. Бахусус, таассуроту бардоштҳои озмун ва вохӯрии худи кӯдакон бо адибони писанддидаашон дар зеҳну тафаккур ва хотироти беолоиши онҳо барои ҳамеша боқӣ мемонад».
Иштирокчии озмун аз шаҳри Кӯлоб Лоиқи Одина: «Барои ман, ки ҳанӯз дар синфи 7 мехонам, ду рӯзи ҳаётам дар рафти ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» афсонаро мемонад. Гирифтани ҷои ифтихорӣ, туҳфаҳои гаронарзиш, мукофотпулӣ, аз ҳама беш ба даст овардани «Донишномаи кӯдакон», ки бисёр камёфт аст, хурсандибахш буд».

НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН
Барои навиштани ин қисмати гузориш ба мулоҳиза фурӯ рафтем. Зеро ба тасмими инсондӯстонаи муассисони озмун рабт дорад, ки ба ятимону кӯдакони имконияташон маҳдуд раво дида шуд. Ҳамеша ин масали халқ вирди забонамон мешуд: «Некӣ куну ба дарё андоз». Вале, баъди андешаҳои зиёд ба хулоса омадем, ки менависем. Чун дар саргаҳи чунин иқдомҳои наҷибу инсондӯстона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Дар робита ба ин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба даҳ кӯдаку навраси маъюб аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои пулӣ, як нусхаӣ китоби «Донишномаи кӯдакон» ва ба ду нафари дигарашон аробачаи маъюбӣ эҳдо карданд. Ҳамчунин, ба Мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор дар шаҳри Бӯстон ёрдампулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ барои таъмири мактаб расонда шуд. Дар муассисаи мазкур хонандаҳо аз ҳама шаҳру навоҳии кишвар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шодии тифлонро ҳадду канор набуд. Самимият ва фараҳмандӣ дар чашмонашон оташак мезад. Мураббия ва модарони онҳо ба ташкилкунандагони озмун ва корҳои хайр ташаккур гуфтанд.

САЁҲАТ ДАР ДОИРАИ ОЗМУН
Муҳимтар аз ҳама, бештари иштирокчиён, бавижа эҷодкорони наврасу ҷавон бори аввал ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафар доштанд. Аз тамошои ноҳияҳои зебоманзари Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон ва шаҳрҳои  Истаравшану Хуҷанд ҳама шоду масрур гаштанд. «Ҷумҳурият» даъватшудагон ва меҳмонони олиқадрашро як рӯз пеш аз ҷамъбаст, яъне шоми 20 ноябр ба Хуҷанд расонд. Ҳамон рӯз ширкатварзидагон дар ноҳияи хуштабиати Варзоб ва шаҳри бостонии Истаравшан барои чанд соат меҳмон шуда, аз тамошои манзараҳо, лутфу марҳамати масъулон ва мардуми меҳнатқарини ин ду диёри аз назари сайёҳӣ номбароварда баҳраҳо бурданд.
Медонем, ки «Ҷумҳурият» бо баргузории озмуни вижае бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, як ҳайати 45 - нафараро на танҳо ба Панҷакент барои ҷамъбасти озмун ва саёҳат дар гӯшаҳои таърихӣ бурд, балки як қисми ширкатварзидагон ва меҳмонони арҷмандашро то ба Самарқанд, то ба майдони Регистон расонд, ки дар таърихи нашрия ва ҳатто матбуоти тоҷик бесобиқа аст.
Озмуни мазкур дар баробари ҳисса гузоштан ба равнақи минбаъдаи адабиёти атфол, ҳамзамон ба рушди сайёҳии дохилӣ низ саҳмгузор мешавад, ки инро бо забони мардумӣ «Як тиру ду нишон» мегӯянд.
Ин падидаи нек аз он ҷиҳат хушоянду тоза буд, ки ба кашфи истеъдодҳои нав байни эҷодкорони наврас, кӯдакони соҳибмаърифат ва муҳимтар аз ҳама рушди минбаъдаи адабиёти кӯдак мусоидат мекард.

ХОНАНДАГОН ДАР ШИГИФТАНД
Аз ин ҳам падидаи тозатар дар саргаҳи чунин кори шариф истодани Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Аслан, дар тасаввури мардум гузарондани чунин озмунҳо, чорабиниҳо кори иттиҳодияҳои махсуси эҷодкорӣ, рӯзномаву ҷаридаҳои соҳавӣ бояд бошад, аммо «Ҷумҳурият» қолабҳоро боз ҳам шикаст. Дар саҳифаи аввали рӯзнома агар муҳимтарин ахбори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии рӯз интишор ёбанд, як гӯшаи саҳифаи ду ё се, гоҳо саҳифаи якро низ шеърҳои бачагона оро медоданд. Дар моварои ин қадар матолиби аз назари характер хоси хонандаи калонсол чоп шудани шеърҳои кӯдакона фазои аҷиберо дар сафҳаҳои «Ҷумҳурият» ба вуҷуд оварда, рангорангии саҳифаҳоро таъмин кард.
Рӯзномаи мо ҳанӯз соли 2015 бо таъсиси саҳифаи фарҳангӣ - итилоотии «Шоми шанбе» хонандаҳояшро дар ҳайрат гузошта бошад, баргузории силсилаозмунҳо мухлисонашро ба шигифт оварда бошад, озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» муҳри тасдиқ зад, ки «Ҷумҳурият» воқеан ҳам ҷаридаи рақами яки кишвар аст ва агар ниёзмандиро эҳсос кард, бори адабиёти кӯдакро низ мекашад.
Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиён ва меҳмонони олиқадр иборат аз шоирону эҷодкорони номвари кишвар таъкид бар он доштанд, ки воқеан ҳам, дар майдони адабиёти кӯдак холигоҳ ба вуҷуд омадааст. Занҷираи тиллоии наслҳо, ки ба навбат бори адабиёти бачагонаро мекашиданд, гусаста шуда, ин қишри муҳими фарҳанг мафҳумҳои мушаххас ва консепсияи худро аз даст додааст.
Дар ҳамин асно ба чунин иқдом даст задани аҳли эҷоди «Ҷумҳурият» сабаби шодмониву тарафдории ҳамагон шуд. Бар замми ин, бо камоли майл дастгириву пуштибонӣ кардани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти вилояти Суғд аз озмун нерую самаранокии ибтикори наҷибро дучанд кард.
Воқеан ҳам, собит шуд, ки «Ҷумҳурият» рӯзномаи миллист ва метавонад ба ҳама соҳаҳову шохаҳои пешбарандаи маърифати ҷомеа хидмат карда бошад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 2335
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед