фарҳанг
АРМУҒОНИ АРЗАНДА БА ҶАШНИ ФАРХУНДА
Ҷаҳоне маънӣ дорад, озмунҳош,
Бувад гар хоса, «Шеъри бачагона».
Бигӯ «Ҷумҳурият» - ро сад тасанно,
Ки шуҳрат ёфт бо шеъру тарона.
Тарбияи инсони бомаърифат аз кӯдакӣ ибтидо мегирад. Фарди хуб бакамолрасида ҳаргиз дар равиши зиндагӣ раҳгум намезанад, сиёҳро аз сафед, бадро аз хуб басо равшан арзёбӣ мекунад. Барои соҳиб шудани наврасону кӯдакон ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ аз хурдӣ шавқу завқи ононро бедор бояд сохт. Вақте инсон дар чунин рӯҳия ба камол расид, шеваи нодурусти зиндагиро ҳаргиз ихтиёр нахоҳад кард. Бача ки аз хурдӣ пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош меварзад, дар қалбу мафкурааш меҳру муҳаббат нисбат ба миллат ва Ватани азизи хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул меёбад. Ҳамин самимият боиси пойдории рафторҳои накӯи одамдӯстӣ, ҳалолкорӣ ва садоқатмандӣ ба халқу диёр дар қалбу шуури наврасону кӯдакон хоҳад гашт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона», ки бо ибтикори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардид, ба ростӣ, дар самти тарбияи кӯдакону наврасон яке аз иқдомҳои хубу саривақтӣ буд.
Барои шаклгирии савияи донишу малака ва ороишу густариши ҷаҳони маънавии насли ояндасози миллат доиркунии чунин озмунҳо, воқеан, ба манфиати кор буда, дурнамои неки тарбиявию созандагӣ ва ахлоқиву зебоипарастӣ дорад.
Ба андешаи инҷониб, баргузор намудани озмуни мазкур ва дар доираи он муаррифӣ шудани чеҳраҳои нави шеъру адаб, бахусус, аз ҳисоби кӯдакону наврасони кишвар, яке аз арзандатарин армуғонҳо ба муносибати Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, агар шеъру матлабҳои дар доираи озмун дар рӯзнома дарҷшуда ва натиҷаи ин ташаббус дар шакли китоби алоҳида нашр мегардид, қимату арзиши ин армуғон боз ҳам меафзуд.
Рустамҷон ОДИЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи
«Навиди Истиқлол» - и шаҳри Истиқлол,
иштирокчии ҳамоиши ҷамъбастии озмуни
«Беҳтарин шеъри бачагона» дар шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2019 №: 226 Мутолиа карданд: 1313