фарҳанг
АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ
Ба василаи озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба намунаи ашъори эҷодкорони баркамолу маъруф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин, нафарони касбу корашон гуногун шинос шудам. Бештар маълумам гардид, ки дунёи кӯдакон зебову рангин ва софу покиза аст. Муаллифон ба инъикоси ҳамин дунёи нотакрору пур аз афсона муваффақ гардиданд. Ман аз ин ҳама илҳом гирифтам ва вориди ҷаҳони кӯдакон ва кӯдакии худ шудам. Пас аз он чанд шеър эҷод кардаму ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» фиристодам. Хостам, ки ман ҳам дар боло бурдани завқи шеъру дӯстдории адабиёт, андаке ҳам бошад, саҳм бигузорам.
Он се шеър ба табъ расид. Дар ҳеҷ як гӯшаи хаёлам набуд, ки ин эҷоди маро қадр мекунанду даъватам менамоянд, то дар ҷамъбасти озмун ҳамроҳи гурӯҳе раҳсипори шаҳри Хуҷанд бишавам. То он замон боре ҳам ба шоҳроҳи Душанбе-Чанак , ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду бозсозӣ гардидааст, ошно набудам. Долонҳои зиддитармавӣ, пулҳо, нақбҳо ва худи роҳ бисёр хуб ва зебо бунёд ёфтаанд.
Дар ин сафар ба як гӯшаи диёри маҳбубамон шинос гардидаму бовар ҳосил кардам, ки кишвари мо дар ҳақиқат дилрабову биҳиштосо аст.
Ошноӣ бо кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият», шоирони маъруф Гулназар, Камол Насрулло, Латофат, Ҷӯра Ҳошим, Абдусаттор Раҳмон, Юсуф Аҳмадзода, Атои Мирхоҷа, Раҷаби Мусулмониён, Озарахш, Аҳмадҷон Раҳматзода, Фарзона ба ман ҳам ифтихор бахшид ва низ ин таъсирро гузоштанд, ки ба омӯзиши адабиёт ва эҷод муносибати ҷиддитар дошта бошам.
Ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба иди бошукӯҳ табдил ёфт.
Барномаи ҳунарӣ дар сатҳи баланд омода шуда буд ва хотири моро болида гардонд.
Ғолибон эълон шуданд ва ба мукофотҳо сарфароз гардиданд. Фикр мекунам, ки ин лаҳзаҳо як умр дар хотири онҳо мемонад. Инчунин, ба Сарвари давлат, ки барои боло рафтани худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти фарҳанги аҷдодӣ баргузор намудани чунин озмунҳоро дастур медиҳанд, изҳори сипос менамоянд. Албатта, ман ҳам ифтихор мекунам, ки аз ин зумра маҳсуб мешавам.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода,
иштирокчии озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2019 №: 226 Мутолиа карданд: 1988