logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсия, 6 феврали соли 2010

Мӯҳтарам кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама ҳар кадоми шуморо ба ифтихори иди касбиатон, яъне рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям ва дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ва дар айни замон, рисолати пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Дар он солҳои ниҳоят хатарнок ва ноором кормандони милитсия дар ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти мардум, истиқрори сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, безарар гардонидани гурӯҳҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои низомӣ бо саъю кӯшишҳои фидокоронаву ватандӯстона нақши арзанда гузоштаанд. Маҳз талошҳои ватандӯстонаи шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои низомӣ буд, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурӯҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд. Дар роҳи барқарорӣ ва ҳифзи сулҳу суботи мамлакат зиёда аз якуним ҳазор нафар корманди милитсия қурбон шуд, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату мардонагии онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карда истодаанд. Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ дар назди халқу Ватан қариб 500 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуд. 
Ҳукумати Тоҷикистон дар қатори дигар мақомот ва сохторҳои низомии мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муассири кормандони милитсияи тоҷик ва беҳбудии ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста кӯшишу ғамхорӣ менамояд.  Аз ҷумла, танҳо дар давоми панҷ соли охир зиёда аз 100 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти маҳаллии он бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Илова бар ин, дар натиҷаи ислоҳоти тартиби пардохт ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаҷми миёнаи маош ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 15 баробар афзуда, инчунин як қатор имтиёзҳои хизматӣ муқаррар карда шуданд.
Вале мо хуб медонем, ки ин ҳанӯз кофӣ нест. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти ҳамаи самтҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ, таъминоти моддиву техникӣ, дигаргунсозӣ ва такмили сохтори он минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо мақсади пешгирии хариду фурӯши одамон ва мубориза бар зидди он, ки яке аз хатарҳои нави ҷаҳони муосир мебошад, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон мақоми махсуси машваративу ҳамоҳангсозӣ - Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи фаъолияти ин комиссия то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Бо дарназардошти он ки ин намуди ҷиноят, яъне хариду фурӯши одамон асосан нисбат ба занон ва кӯдакон содир мегардад, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ шӯъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ташкил карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон барои солҳои 2006-2010 ва ҳамкории кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқу дигар субъектҳои мубориза бо ин аъмоли нангин сатҳи ҷинояткорӣ дар ин самт дар давоми ду соли охир нисбат ба солҳои пеш 50 фоиз паст гардид.
Ҳамзамон бо ин, сохторҳои вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, терроризм, экстремизм, муҳоҷирати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо такмил дода, доир ба мутобиқгардонии фаъолияти онҳо ба талаботи рӯз чораҳои муассир амалӣ шуда истодаанд. Ҳукумати кишвар дар оянда низ ба хотири таъмини боэътимоди амният ва суботи устувори ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ғамхориро нисбат ба кормандони милитсия ва ҳифзи иҷтимоии онҳо пурзӯр хоҳад кард. Дар навбати худ, ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, сохторҳои маҳаллии он ва умуман ҳар як корманди милитсия зарур аст, ки иҷрои вазифаҳои оинномавии худро дар назди Ватан ва ҷомеа бо дарки масъулияти баланд, дасту дили пок, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таъмин намоянд.

Дӯстони азиз!
Имрӯз мову шумо дар даврае қарор дорем, ки ҷомеаи башариро доман паҳн кардани хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ ба ташвиш овардааст. Кишвари мо низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хавфу таҳдидҳо дар канор нест. Дар чунин шароит аз шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тақозо мегардад, ки дар роҳи пешгирии ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ беш аз ҳарвақта масъулиятнок ва зираку ҳушёр бошед.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурате пеш омадааст, ки дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо тарзу усулҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такмилу сайқал дода, имконияту воситаҳои нав мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки самтҳои ҷинояткории замони муосир доираи васеъ ва густурда дошта, торафт тамоюлҳои нав пайдо карда истодаанд. Аз ин рӯ, ба Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин сохторҳои низомӣ зарур аст, ки дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳои афзоянда ва пешгирии ҷиноятҳои трансмиллӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият бахшанд.
Дар чунин шароит ҳамчунин тарбияи кадрҳои дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ, поквиҷдону ватандӯст, баландихтисосу забондон ва дар айни замон, бо таҷҳизоту техникаи навтарин таъмин кардани фаъолияти сохтору мақомоти зикршуда аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони онҳо мебошад.
Тавре ки чанд рӯз пештар дар маҷлиси васеи Ҳукумат зикр намудам, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус содир гардидани ҷиноятҳои вазнин, афзоиши ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон ва гурӯҳҳои муташаккил дар кишвар, бахусус пойтахти мамлакат, ки дар он ҷинояткории гурӯҳи шахсон якуним баробар афзудааст, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.
Таҳлили вазъи риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо нишон медиҳад, ки соли гузашта дар мамлакат ҳодисаҳои қонуншиканиву ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин афзудааст. Соли 2009-ум ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2008-ум 6,7 фоиз, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин 8 фоиз зиёд шудааст.
Аз ин бармеояд, ки тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва фаъолияти кормандони онҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бинобар ин, Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда мешавад, ки сабабҳои дар соли 2009-ум якбора баланд шудани сатҳи ҷинояткориро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафа қарор дода, доир ба татбиқи саривақтӣ ва самарабахши нишондодҳои Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешад. Ҳамзамон бо ин, ба корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ, ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин аҳолӣ боз ҳам бештар тақвият бахшида, такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандони мақомоти корҳои дохилиро оид ба иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон таъмин  намояд.
Илова бар ин, ба роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин прокуратура ва судҳо супориш дода мешавад, ки бо мақсади ташкили муборизаи самаранок ба муқобили ҳама гуна қонуншиканиҳо ҳамкории созанда ва ҳамоҳангсозии самараноки фаъолиятро миёни ҳамдигар таъмин намоянд. Ҳамчунин доир ба тоза кардани сафҳои худ аз кормандони тасодуфӣ ва ашхосе, ки бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд, тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Мо хуб медонем, ки аксарияти мутлақи кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини суботи устувори ҷомеаро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло медонанд. Онҳо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоянд. Ва бояд ҳамеша чунин бошад, зеро мардум дар симои онҳо ҳимоятгарони худро мебинанд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, давлат ғамхориро ба мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳамеша бо мардум ва дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат ҳастанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ медонад.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба сатҳи муайяни рушд ва тараққиёти худ расида, дар шароити суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар баробари ин, талаботи ҷомеа аз мақомоти давлатӣ, хусусан аз милитсия, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум нақш мебозад, чун ҳомии қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин таъминсозандаи суботу амнияти кишвар бештар гардидааст.
Аз ин лиҳоз, ба шумо – кормандони милитсия зарур аст, ки ҷиҳати ҳимояи шоистаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи милитсияи тоҷик боз ҳам бештар кӯшишу талош намоед. Зеро ҳимояи ҳаёт, ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои мардум вазифаи муҳими давлати соҳибистиқлоли мост, ки яке аз таъминкунандагони асосии он мақомоти милитсия мебошанд. Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки вазифаи шумо, пеш аз ҳама пешгирӣ ва баъдан мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!
Соли ҷорӣ барои мардуми Тоҷикистон соли чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ, аз ҷумла интихоби вакилон ба мақоми олии қонунгузорӣ, яъне Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, инчунин соли заҳмати дастаҷамъона ба хотири бунёд намудани нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун мебошад.
Ҷараёни имрӯзаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои таҳкими истиқлолияти давлати тоҷикон ва болоравии обрӯи мардуми мо ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пайгирона татбиқ намудани ҳадафҳои бузурги стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона созем.  
Имрӯзҳо ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишварамон кӯшиш дорад, ки дар бунёди нерӯгоҳи бузурги аср - Роғун саҳми худро гузорад ва ба хотири ободии Ватан ва ҳаёти осудаи наслҳои оянда, таҳкими иқтидори давлат ва афзоиши эътибори миллат бевосита ширкат намояд. Таъмини фазои орому босубот, ҳифзи пойдории сулҳу ваҳдат ва тартиботу амнияти ҷомеа дар ин раванди неку созанда аз фаъолияти самарабахшу ватандӯстонаи ҳар кадоми шумо вобаста аст.
Яъне кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша бо мардум бошанд, бо халқ муомила ва ҳамкории хуб дошта, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хизматӣ, такмили пайвастаи малака ва маҳорати касбии худ эътибору нуфузи намояндаи ҳокимиятро нигоҳ доранд ва дар роҳи риояи қонуният худашон намуна бошанд. Зеро рафтори намунавӣ ва фаъолияти беғаразонаи кормандони милитсия яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад.
Пеши роҳи ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар сурате гирифта мешавад, ки пеш аз ҳама худи мо ба қонунҳои амалкунанда эҳтиром дошта бошем, нисбат ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон беэътиноӣ накунем, инчунин волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор дода, дигаронро низ ба ин амалҳои нек раҳнамоӣ созем.
Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯманди ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд. Бовар дорам, ки шумо – кормандони милитсия на танҳо дар таҳкими суботи ҷомеа ва риояи қонуният, инчунин дар рушду пояндагии давлати воқеан соҳибихтиёру соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ намунаи ибрати дигарон хоҳед буд. Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо  менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум аст. Милитсия симои давлату давлатдорист ва бо вайронкунандагони қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ оштинопазир мебошад.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи шумо – кормандони бонангу номуси милитсияи тоҷикро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2959
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед