logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

28 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок карданд.
Дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, муҳокимаи самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, афзун гардидаанд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мегардад.
“Соли оянда 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва мо барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчӯби СААД тамоми тадбирҳоро меандешем”, - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба такмили ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, Қарори номгӯи тадбирҳои иловагӣ барои коҳиш додани шиддати вазъ дар назди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дигар санадҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ - иқтисодии давлатҳои аъзои СААД, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии фаъолияти созмон қабул гардид.
Инчунин, аз ҷониби сарони давлатҳо беш аз 15 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.
Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма натиҷагирӣ шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 1085
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед