logo

номаҳо

ДАР ИСЛОҲИ ИМЛО БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо аҳли зиё вохӯрӣ доир намуда, тағйир, ислоҳ ва бамеъёрдарории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - ро дастур доданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд: «Камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон, таъсири манфӣ расонда истодааст».
Аз ин рӯ, ҳоло ниҳодҳои дахлдор дар ин хусус тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Пешвои миллат муҳлатро то моҳи январи соли 2020 муайян кардаанд.
Мутахассисони соҳа шаҳрвандонеро, ки дар илми забоншиносӣ фаҳмишу дарк доранд, барои танзими имло ҷалб мекунанд. Бахусус, омӯзгорон бояд дар ин масъала бетараф набошанд. Мо медонем, ки бештари муаллимон дар ҷараёни таълиму тарбия нозуктарин паҳлуҳои имлоро ҳис мекунанд. Ғалатҳоро мефаҳманд, зеро таҷриба ва назария бартариҳои бисёр дорад. Аз ин хотир, дар пешгирии нофаҳмиҳо ва сардаргумиҳо дар имло андешаҳои худро ба унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ агар ирсол намоянд, ба манфиати кор мебуд.
Зеро имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи тарзи навишти калимаҳост ва дар асоси он талаффузи калимаҳо сурат мегирад. Дар ин ҳол нақши имло ҳамчун муҳофизатгари забон калидист. Ғалате, ки дар навиштор роиҷ мешавад, ҳатман дер ё зуд ба гуфтор раҳ меёбад ва косташавии забонро ба вуҷуд меорад.
Сарвари давлат бо дурандешӣ ба татбиқ ва робитаи амалии забон дар технологияи муосир  ибрози андеша намуда таъкид доштанд: «Таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст».
Мо, омӯзгорон, агар имрӯз ба ин масъала руҷӯъ кунем, фардо кори таълиму тарбия дар дарсҳои забон ва адабиёт осон шуда, муҳимтар аз ҳама, покизагӣ ва салосати забони бостониамон нигаҳ дошта мешавад.

Гулчеҳра САФАРОВА, омӯзгори МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 3787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед