logo

иқтисод

РОҲСОЗӢ. ИҚДОМҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ДАР БОХТАР

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шарофати талошу заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кулли бахшҳо рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Аз ҷумла,   созандагиҳо дар самти сохтмони роҳу пулҳо авҷи тоза гирифтанд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар фаъолияти босамару чашмрас нишон дода, дар  сохтмон, азнавсозӣ ва нигоҳдории роҳу пулҳо, иншооти дигар саҳми калон гузоштанд.  Тӯли даҳ моҳи соли ҷорӣ низ, сарфи назар аз мушкилоти норасоии моддию техникӣ, масъулони муассиса корҳои зиёди созандагӣ анҷом доданд. 

Аҳли заҳмати муассиса масъулияти таъмиру нигоҳдории 2749,2 километр роҳи автомобилгарди бай-налмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба уҳда доранд. Тавре сардори идора Нас-рулло Файзуллозода гуфт, рисолати онҳо таъмини иншооти босифати роҳу нақлиёт, нигоҳдории дурусти инфрасохтори мавҷуда ва ниҳоят раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он  ба кишвари транзитист. 
Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмиру нигоҳдории ҷодаҳои минтақа аз ҳисоби Буҷети давлатӣ  2 миллиону 812 ҳазору 700 сомонӣ масраф гардидааст. Муассисаи номбурда имсол дар натиҷаи ҳамкориҳои дурусту натиҷабахш ва хидматрасониҳои шартномавӣ 748 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст овард. Бо ин маблағ ба ғайр аз  ҳисобӣ кардани эҳтиёҷоти идора, ҳамзамон, корҳои роҳсозии зиёд сурат гирифт, ки ҷамъи онҳо аз 300 ҳазор сомонӣ бештар аст. 
Аз буҷети  шаҳру навоҳие, ки хидматрасонии онҳо бар дӯши кормандони зерсохторҳои муассисаи номбурда  аст, ҳамагӣ 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 қариб 198 ҳазор сомонӣ кам аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, агар ин маблағро ба моҳҳо тақсим кунем, ба ҳисоби миёна барои таъмиру нигоҳдории ҳар километр роҳ дар минтақа ҳамагӣ 73 сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба эҳтиёҷот садҳо маротиба кам аст.
Хушбахтона, соҳибкорони ватандӯст дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат баробари дигар ободкориҳо барои бунёду навсозии иншооти роҳ иқдомҳои хайрхоҳона пеш мегиранд.  Соли равон аз ҳисоби онҳо дар минтақаи Бохтар бо харҷи беш аз 20 миллиону 700 ҳазор сомонӣ 94 километр  роҳ таъмири ҷорӣ, 28,4 километри дигар таъмири асосӣ,  497 километр сангфарш ва  қабати болоии 31 километр роҳ навсозию мумфарш гардид. Ҳамчунин,  дар  62 кӯпрук, дар маҷмӯъ, 529 метр таъмир сурат гирифт ва  8 метр қубур хобонда шуда,  як истгоҳ навсозӣ  ва  45 метр ҷӯйи бетонӣ сохта  шуд.
Насрулло Файзуллозода изҳор дошт, ки  бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба фасли зимистон муассиса ва сохторҳои тобеи он дар сатҳи хуб омода шудаанд. Маводи зидди лағжиш, ҳезум, ангишт ва сӯзишвории дизелӣ мувофиқи зарурат 100 дарсад захира гардидаанд. То имрӯз 67 техникаю воситаҳои нақлиёт бо мақсади рафъи оқибатҳои боришот ва ҳолатҳои дигар пурра тайёр шудаанд. Аз ҷумла, 22 – тои онҳо дар ағбаҳои минтақаи Бохтар истифода мешаванд.
Тавре масъулони бахши идораи роҳҳои минтақа гуфтанд, имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва соҳибкорон соҳа рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ягона мушкили онҳо куҳна будани 20 дарсади техника ва  бо душворӣ дастрас шудани қисмҳои эҳтиётии  навъҳои ҷопонии онҳо, инчунин, нарасидани дастгоҳ барои кашидани хатҳои уфуқӣ дар роҳ мебошад, ки умед аст дар ояндаи наздик роҳи ҳал пайдо менамояд. 

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 1373
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед