logo

иқтисод

РИСОЛАТ. ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Тавре Муллоғиёс Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ, иброз дошт, фаъолияти шуъбаи  маорифи  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии   ноҳия  ба  татбиқи  сиёсати  давлатӣ  дар  соҳаи  маориф,  дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси  ноҳия дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба  арзишҳои милливу  умумибашарӣ  равона шудааст.  
Натиҷаи иштироки хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соли равон қобили таҳсин аст. Аз ҷумла, Басирҷон Нуров аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13  аз  фанни география ҷои 1 ва медали тилло  ва  Шаҳрбону Норова аз МТМУ № 16 аз фанни биология  ҷои 3 ва медали биринҷиро соҳиб гардиданд.
Дар маҷмӯъ, хонандагони муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби 11 ҷои ифтихорӣ ва 2 медал  шуданд. Ҳамаи ин шаҳодати фаъолияти хуби кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои номбурда аст.
Имсол ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1055 нафар ҳуҷҷат супурд, ки нисбат ба соли гузашта 61 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 855 нафар донишҷӯ  шуд, ки ин 81 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30 - солагии таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 барои 200 ҷои нишаст аз ҳисоби соҳибкор Зинҳор Исрофилов оғоз гардида, бомаром идома дорад. Ҳамчунин, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таъмири асосии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29, деҳаи Гузари Бод аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба анҷом расонда шуда, муассиса аз ҳолати садамавӣ бароварда шуд. Сохтмони бинои интернати наздимактабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 идома дошта, толори варзиш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 дар арафаи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11, деҳаи Фатмев, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт,  барои 320 ҷои нишаст аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф то охири соли равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 10 кабинети фаннии замонавӣ  ва 60 компютер таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои таълимие, ки ба ҷои нишаст эҳтиёҷ доранд, бо миқдори зарурии мизу курсӣ таъмин мешаванд.
Дар арафаи соли нави таҳсил ба 270 нафар хонандагони ятими кулл, ятим, бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таври ройгон либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Ба гуфтаи мудири маориф, дар нуҳмоҳаи  соли 2019 - ум  66 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри шуъбаи маорифи ноҳия фиристода шуданд, ки аз инҳо 56 нафар дорои маълумоти олии касбӣ ва 10 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди падару модарон ва омӯзгорону хонандагон вазифаҳои зиёдеро гузоштааст. Рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгор, падару модар ва ҷомеа ба роҳ монда шавад, фарзандон таълиму тарбияи дуруст гирифта, ба роҳи рост ҳидоят карда мешаванд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 1293
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед