logo

иқтисод

НОҲИЯИ АЙНӢ. ДАР МАСИРИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Айнӣ иктишофу истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ ва бунёди иншооти бузурги саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар рушди иқтисодиёт ва саноатикунонии мамлакат хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Боиси шукргузорист, ки кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ватани азизамон – Тоҷикистон дари ганҷинаҳои нуҳуфтаро ба рӯи сокинонаш боз мекунад.
Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ, зимни суҳбат иброз дошт, ки ба мақсади амалӣ гардондани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия корҳои назаррас идома доранд. Ҳанӯз 24 июни соли гузашта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Канчочи деҳоти Фондарё ба бунёди корхонаи бузурги саноатии ҶСП «ТАЛКО Голд» санги асос гузошта шуд. Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма дар он 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бо гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд. Дар ин кон, ҳамчунин, захираи нуқра, симоб, флюорит вуҷуд дорад, ки истихроҷи онҳо низ ба назар гирифта мешавад. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад, аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад. Дар заминаи бунёди ин корхона то 1500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Дар назар аст, ки моҳи марти соли 2020 корхона ба кор оғоз намояд.
Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ саноатчиёни ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 714834,2 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9829,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111,3 фоизро ташкил менамояд. Истеҳсоли консентрати 30 дарсади сурмаю симоб ба 52241,6 тонна, металли сурма 2787,06 тонна,  симоб 83,67 тонна ва истихроҷи ангишт ба 1302543,62  тонна расид.
Ҳамчунин, дар мавзеи Кумарғи Боло лоиҳаи сохтмону таъсиси корхонаи  ТВЕА, ки ба тавлиди тилло машғул хоҳад шуд, амалӣ гашта истодааст. Имрӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Дар ноҳия корхонаи фаръии шахтаи “Фон – Яғноб” ба истихроҷи ангишт машғул аст, ки беш аз 70 дарсади ангишти ҷумҳуриро истеҳсол мекунад. Он корхонаҳои азими саноатии мамлакат, аз ҷумла корхонаҳои сементбарорӣ, Маркази  барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “2”, заводи “Талко”, ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии як қатор шаҳру ноҳияҳои кишварро бо ангишт таъмин менамояд. Бо мақсади боз ҳам хубтар таъмин намудани Заводи алюминийи тоҷик  бо ангишти хушсифат дар мавзеи Канте истихроҷи ангишт ба роҳ монда шуд.
Ба истиқболи Ҷашни 30 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёди 497 иншооти ҷашниро дар давоми се сол ба нақша гирифтааст. Айни ҳол, аз ин шумора 211 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки фарогири соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ мебошанд.
Дар аксари деҳоти ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ бунёди толору майдончаҳои варзиш, марказҳои савдо ва хидматрасонӣ, аз қабили меҳмонхонаҳои тарҳи замонавӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, бомаром идома дорад. Дар арафаи ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Шамтич 8 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷониби шахсони саховатпеша беморхонаи минтақавии № 4 - и деҳаи Дарғ пурра аз таъмир бароварда шуд ва барои хатнаи кӯдакон як хонаи алоҳида ҷудо гардид. Табибони зодаи ин деҳа, ки асосан, дар пойтахт ва  навоҳии атрофи он фаъолият доранд, бо навбат дар рӯзҳои истироҳат моҳе ду маротиба ба ин ҷо омада хатнаи кӯдакони ҷамоати мазкурро мегузаронанд.
Дар маркази ноҳия як маркази савдои замонавӣ, меҳмонхона иборат аз 12 ҷойи хоб, майдончаи варзиш, кошонаи ҳусн сохта ба истифода дода шуд.  Дар мавзеъҳои сайёҳӣ аз тарафи соҳибкорон меҳмонхонаҳои замонавӣ ва хонаҳои қабули сайёҳон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар деҳаҳои Ғабирӯд кошонаи ҳусн, Дардар маркази ташхиси беморон, Урметан маркази дандонпизишкӣ, Марзич толори варзиш ва бинои китобхона сохта шуд.
Дар соҳаи саноати сабук ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 20 дастгоҳи адрасу атласбофӣ, 14 дастгоҳи калони қолинбофӣ ва 25 дастгоҳи қолинбофии хурд амал мекунанд. Дар 9 маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофӣ 21 нафар ҳунарманд фаъолият карда истодаанд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 543 метр адрас истеҳсол карда, аз он 363 метрашро фурӯхтанд.
Дар соли 2019 бунёди 211 иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, анҷом додани корҳои созандагиву ободкорӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон дар назар аст. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Айнӣ 11 иншоот, аз ҷумла майдончаи бозии кӯдакон ва майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маркази хизматрасонӣ, сохтмони мағозаи фурӯши маҳсулоти молҳои омехта, бинои меҳмонхона ва ошхона, сартарошхона, нуқтаи фурӯши доруворӣ ва маркази дандонпизишкӣ, таъмири пули мошингузар, ҳуҷраи хатна, таъмири роҳрави бунгоҳи тиббӣ, бинои дидбонгоҳи оташхомӯшкунӣ, ҳаммоми замонавӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои мактаб дар деҳаи Хайробод идома дошта, ба бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Томин, бинои мактаб дар мавзеи Дашти Варз  санги асос гузошта шуд.
Дар ҳудуди ноҳия назорати 253,1 километр роҳ ба уҳдаи МДНРА ноҳия вогузор шудааст. Дар зарфи нуҳ моҳ 122,4 километр роҳ таъмиру тармим гардида, аз он 70 километр таъмири ҷорӣ, 52,4 километр шағалпӯш шудаанд. Дар километри 22 - 24 - и роҳи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ бинобар вайрон гардидани роҳ муваққатан роҳи нав сохтаву аз нав барқарор шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки қитъаи роҳи мазкур қариб ҳар сол дар мавсими тобистон, баробари баланд гардидани сатҳи оби дарёи Зарафшон зери об мемонад. Аз ин рӯ, таҷдиди роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ зарур мебошад.
Дар бобати ҳолати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму аънана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як силсила чорабиниҳо амалӣ гардида, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қонунҳои мазкур вазифаи ҳамешагӣ буда, мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва кулли сокинони он минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҳал татбиқ намуда, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи сокинонро таъмин намоянд.    

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 2898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед