номаҳо
Ақидаи муаллиф ба ҳақиқат чандон рост намеояд
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақолаи «Оё ин зарар ба буҷети давлат нест?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 3 декабри 2009 чоп шудааст, дар ҷаласаи васеи кормандон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.
Дар мақола иқтисодшинос оид ба такроршавии фаъолият ва мақсади мақомотҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт андеша меронад. Бояд гуфт, ки муаллиф ба масъала якҷониба баҳо додааст. Зеро бо «Низомнома»-и мақомотҳои номбурда шинос набуда, фаъолияти онҳоро нодуруст дарҷ намудааст.
Вазифаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ин таъмини назорати бехатарии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ буда, хадамот бошад, ҳамчун мақомоти назорати давлатӣ назорати риояи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалиро дар комплекси нақлиёт амалӣ намуда, танзими давлатии фаъолияти нақлиётиро ба ӯҳда дорад.
Иқтисодшинос вазифаҳои мақомоти андозро ҳимоя намуда, қарзи бақияпулиҳои андозро ба болои андозсупорандаҳо то 1 январи соли 2000 ва то 1 январи соли 2009 муқоиса намуда, аз ҳад зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот, пешрафти иқтисодиёт, бӯҳрони молиявӣ ва аз дигар далелҳои мусоидаткунанда бехабар мондааст. Барои мисол, иқтисодшинос бояд дар аввал маблағи андози ба буҷети ҷумҳурӣ дар соли 2000 воридгардидаро нисбат ба соли 2009 муқоиса менамуд ва баъд аз он нисбати маблағи қарзи андозсупорандагон сухан меронд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2009 бо мақсади назорат ва танзими ҳамлу нақли автомобилӣ ба 12185 нафар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ иҷозатнома дода шуда, нисбати 10654 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷариманбандӣ карда шудааст. Ҷамъи умумии маблағҳои аз ҷониби хадамот ба буҷети давлат воридгардида 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
А. НУРОВ,
сардори Хадамоти давлатии назорат ва
танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати
нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3416