logo

ҳуқуқ

"ИДГАРДАК,БИЁЕД БИАНДЕШЕМ!"

Посух ба матлаби "Ҷумҳурият"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мақолаи «Идгардак. Биёед биандешем!» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 158, аз 19 августи соли 2019 нашр шудааст, дар машварати кории назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳал ва ходимони дин мавриди баррасӣ ва тадбирҷӯӣ қарор дод.
Воқеан ҳам, саҳнаи дар мақола нишондода ҳузнангез буда, боиси андешаи ҷиддӣ мебошад. Кам нестанд далелҳое, ки дар рӯзҳои идҳои Рамазону Қурбон мардум, махсусан кӯдакон гурӯҳ – гурӯҳ шуда, ба ҳар як хона барои гирифтани ҳадияи идона рафтуомад карда, ҳатто ба баъзе хонаҳо зиёда аз 500 нафар мераванд ва рӯирост ҳадия талаб мекунанд.
Мутаассифона, баъзе оилаҳои камбизоат қудрати қонеъ гардондани талаботи ҳамаи онҳоро надошта, дар хиҷолат мемонанд. Кӯдакон ва баъзан ноболиғоне, ки ҳанӯз қоидаҳои ҳаракат дар роҳро намедонанд, ҳини  равуо ҳаёташонро зери хатар мегузоранд.
Бо назардошти ин ва дигар омилҳо зимни баррасии мақола хулоса карда шуд, ки дар ҳудуди ноҳия минбаъд «Идгардаки ҳадияталбӣ» ба танзим дароварда шуда, пеши роҳи он гирифта шавад.
Замоне фаро расидааст, ки мо бояд бо фарҳанги воло тамоми ҷашну маросимҳои миллиамонро доир намоем ва аз ҳар гуна рафторҳои ба фарҳанги мо зиёновар даст кашида, фарзандонамонро аз хурдӣ дар роҳи дуруст ҳидоят намоем.
Аз ин рӯ, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон, омӯзгорон, ходимони дин ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда шуданд, ки фарзандонро бо роҳи дуруст тарбия намуда, онҳоро аз одатҳои номақбул боздоранд.

Р. ТАЛБАКЗОДА, муовини раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 1387
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед